КИТОБДОРОН СОҲИБУНВОН ГАРДИДАНД
Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ яке аз муассисаҳои муҳташами фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ буда, 103 сол инҷониб ба мардум хадамоти китобию иттилоотиро ба субут мерасонад. Ҳамзамон, ин боргоҳи маърифат ҳамчун китобхонаи вилоятӣ вазифаи дастурию методиро барои 362 китобхонаи низоми фарҳанг анҷом медиҳад, китобхонаҳоро бо маводи соҳавӣ, дастуру раҳнамо ва китобҳо таъмин менамояд.
Мавриди зикр аст, ки дар шароити паҳн шудани бемории сироятии коронавирус китобхона лаҳзае аз фаъолият боз намонда, ба дӯстдорону иродатмандони китобу дониш ҳамарӯза хидмат расонида меояд. Ҳамарӯза аз шароит ва имкониятҳои китобхона хонандагони сершумор истифода мебаранд ва кормандони ин даргоҳи ҳикмату хирад низ кӯшиш менамоянд, ниёзҳои маънавии хонандагонро бароварда гардонанд.
Ин матлабҳо дар мулоқоте, ки санаи 30-юми июни соли равон дар китобхона бо иштироку суханронии сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги кишвар Қурбон Ғуломзода, сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов ва директори Маркази илмӣ-методии ҳамин раёсат Олимҷон Юсуфов сурат гирифт, дигарбора зикр гардид.
Нахуст, директори китобхона Баҳром Мирсаидов меҳмононро хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷуҳи доимӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат, Вазорати фарҳанг, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати фарҳанг сипосгузорӣ намуд.
Мавсуф таъкид дошт, ки ҷомеаи меҳнатии китобхона чун дигар сокинони мамлакат таҳти рӯҳияи Ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дошта, дар татбиқи сиёсати фарҳангии Роҳбарияти олии кишвар саҳмгузоранд. Китобдорону китобшиносон барои дар сатҳи матлуб доир гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишу таҷрибаи хешро ба кор бурда, бар он талош доранд, ки ҳар чи бештар намояндагони касбу кор ва синну соли гуногун ба китобхонӣ машғул гарданд. Сарвари китобхона ба аҳли толор мужда расонид, ки ду рӯз инҷониб дар қаламрави вилоят даври дуюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардида, то санаи 25-уми июл идома меёбад.
Сипас, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода зимоми суханро ба дасти хеш гирифта, нахуст паёми вазири фарҳанги мамлакат, муҳтарама Зулфия Давлатзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Баъдан аз фаъолияти судманди китобхона ва таҷрибаву андӯхтаҳои китобдорону китобшиносон изҳори назар карда, афзуд, ки солҳои охир дар ин қасри саводу маънавият раванди босуботи фаъолият ба мушоҳида расида, соҳаи китобдорӣ дар вилояти Суғд равнақ меёбад.
Номбурда ба таври мухтасар авзои соҳаи китобдориро таҳлил намуда, дар бораи аҳамият ва ҷараёни татбиқи ҳамаҷонибаи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2020», «Барномаи ҳифзи мероси ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020», «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», «Барномаи миллии ташакулли тарзи ҳаёти солим» барои солҳои 2011-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар барномаҳои давлатӣ мулоҳизаронӣ кард. Ӯ пешниҳод намуд, ки бояд дар тамоми китобхонаҳо гӯшаву бахшҳои ҷудогонаи татбиқи барномаву стратегияҳои милливу давлатӣ мавҷуд бошад ва китобдорон нуктаҳои меҳварии ин санадҳои муҳимро ба хонандагон фаҳмонида, дар тарғибу амалисозии онҳо саҳмгузор бошанд.
Қурбон Ғуломзода иброз дошт, ки китобдорон парчамбардорони ҳақиқии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, ба тамоми падидаҳои судманди ин даврони тозаи таърихӣ арҷ мегузоранд ва ҷиҳати рушди ҳаёти фарҳангӣ нақши назаррас мениҳанд.
Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов беҳбудии аҳволи иҷтимоии аҳли фарҳанг, бунёду азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ ва вусъати комили фазои фарҳангии кишварамонро ҳосили дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуда, аз китобдорону китобдорон даъват ба амал овард, ки барои ҷалби бештари намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобу китобхона саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд ва дар такмили фарҳанги китобдориву оммависозии мутолиаи китоб саҳмгузор бошанд.
Ҳамчунин, ӯ аз ташаббусҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати сохтмони китобхонаҳо, таъмини онҳо бо китобҳои тозанашр, ташкили шуъбаи китобдорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ва дигар тадбирҳои неки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ёдовар шуд.
Номбурда дар охир баён дошт, ки Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ аз муассисаҳои бонуфузи фарҳангии ҷумҳурӣ буда, дар он мутахассисони варзидаву соҳибтаҷриба фаъолият мебаранд. Аксари онҳо фидоии касби худ мебошанд ва инро ба таври пайваста ва бетаъхир кору фаъолият кардани китобдорон дар шароити паҳн шудани бемории сироятии коронавирус собит месозад. Аз ин ҷиҳат, ҳар як ташаббусу тозакории китобдорон лоиқи сипосгузорӣ мебошад.
Дар фароварди мулоқот дар асоси фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (№21-У, аз 24.06.2020) Зулфия Давлатзода барои фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ, саҳми арзанда дар баргузории чорабиниҳо ва дар маҷмӯъ ҷиҳати рушду нумӯи соҳаи фарҳанг кормандони китобхона, аз қабили Саломова Мунира – саркитобдори шуъбаи хизматрасонӣ, Амонова Муҳаббат – сардори шуъбаи китобҳо бо забонҳои хориҷӣ, Калонова Дилбар – китобдори дараҷаи 1-и шуъбаи феҳристҳо, Шарипова Каромат – китобдори дараҷаи 1-и шуъбаи хизматрасонӣ, Турсунова Муҳайё – сардори шуъбаи китобхонаи электронӣ бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва директори китобхона Баҳром Мирсаидов бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.
Мулоқоти китобдорон бо сарпарастони соҳа дар сатҳи баланд ва дар заминаи муколамаи хуби касбӣ ба анҷом расид.
Дар охир, директори китобхона Баҳром Мирсаидов дар шахси меҳмонон ба роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки китобдорону китобшиносон ҳамеша ба сиёсати созандаву ибратомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқу сипосгузор буда, ормонҳои олии Истиқлолияти давлатиро бо корномаҳои судманди меҳнатӣ ташвиқу тараннум хоҳанд кард.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ