Пажўҳишгарони рус, аз ҷумла, Кун А.Л., Наливкин В.П., Гертнер А., Гребенкин А.Д., Буняковский А.К. ин маъниро таъкид кардаанд, ки қадимтарин аҳолии бумии Фарғона тоҷикон мебошанд. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... –Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 29

ИРОДАТМАНДОНИ АСИЛИ КИТОБХОНА

Ҳамарӯза дар қаламрави ҷумҳурӣ барои пешгирӣ аз паҳншавиии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) чораҳои судманд андешида шуда истодааст. Бо мақсади ҳифзи саломатии мардум дар тамоми муассисаву коргоҳҳо амалиёти безараргардонӣ ба таври доимӣ амалӣ мегардад. Масъулони китобхона бинои онро чанд навбат бо маҳлулҳои безараркунанда покшӯӣ намуда, ҳамзамон гӯшаҳои махсуси тарғиботӣ созмон доданд. Тавассути монитор дар саҳни ошёнаи дуюм маводи электронии ташвиқотӣ дар навор мунтазам намоиш дода мешавад. Навбатдор бо ҳароратсанҷи рақамӣ таби ҳар як ташрифкунандаро санҷида, ба ӯ маҳлули антисептикӣ пешниҳод менамояд. Фаррошону оростакорон ҳар субҳ тамоми китобхонаро бо маҳлули хлордор мешӯянд ва фаррошони навбатдор давоми рӯз саҳни ошёнаи якум ва мизу курсиҳоро бо маводи безараркунанда пок месозад.

Мавриди зикр аст, ки аз ҳанӯз аз нимаи дуюми моҳи март ҳамин гуна чораҷӯиҳо дар китобхона гузаронида мешуданд. Хусусан, баъд аз он ки санаи 30-юми апрели соли 2020 дар Тоҷикистон ҳодисаҳои тасдиқшудаи бемории сироятии CОVID-19 аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шуд (ниг.), чораҳои беҳдоштӣ дар китобхона ба таври қатъӣ ва фарогир роҳандозӣ шуд.

Ҷомеаи меҳнатии тифоқу заҳматписанди китобхона дар марҳилаи авҷи бемории мазкур ҳамарӯза (ба истиснои рӯзҳои ид) ба хонандагон хизмати китобиву иттилоотиро расониданд.Давоми моҳи май хизматрасонӣ бо вазъияти феълии баамаломада мувофиқ гардонида шуда бошад ҳам, ин маънои онро надошт, ки нафаре аз китобхона ноумед рафта бошад. Ҳар як нафар хонанда дар масофаи муайян ҷойгир карда шуда, аз рӯи фармоиши ӯ китобу мавод пешниҳод гардид. Китобдорон ба чанд нафар олимону муҳаққиқон, ки дар хонаҳояшон мунзавӣ (самоизоляция) буданд, китобҳо расониданд, ки ин ҷо зикри номи устодонро аз рӯи одоб намедонем.

Дар ин муддат дар саҳни ошёнаи дуюм тавассути монитор видеороликҳои омӯзишӣ, тарбиявӣ ва тарғиботӣ ба таври ҳамешагӣ пахш шуда, дар шуъбаҳо намоишҳои гуногуни бошукӯҳи китобиву матбуотӣ манзури хонандагон гардонида шуд.

Дар толорҳо ва шуъбаҳо, аз ҷумла дар шуъбаи хизматрасонӣ намоиши барқадди китобӣ аз рӯи номинатсияҳои асосии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ташкил ва пешниҳоди хонандагону довталабон гардид.

Дар моҳҳои май-июн дар бинои китобхона барои хабарнигорону мусоҳибон аз шабакаҳои маҳаллии «СМ-1», «Азия» ва масъулони Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ҷиҳати сабти барномаҳои телевизонӣ шароит фароҳам оварда шуд.

Илова бар ин, ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар китобхона ва атрофи он шанбегӣ доир гардида, кормандон барои тозагӣ ва сабзу хуррам сохтани майдончаҳои китобхона саҳм гузоштанд.

Дар ин муддат барои мо равшан шуд, ки воқеан ҳам меҳру муҳаббати китоб хонандаи асилро дар тамоми вазъият ба сӯи китобхона мекашад. Мо доимо шоҳиди он будем, ки новобаста аз синну сол ва касбу кор теъдоди муайяни хонандагон ба китобхона меомаданду аз баҳри донишу маърифат баҳравар мешуданд.

Инак, ҳоло мехоҳем андешаи чанд тан аз китобдӯстони ҳақиқии китобхонаро оид ба фаъолияти муассиса манзури муштариёни сомона намоем:

 

Яке муҳаққиқони ҷавону ҷӯянда ва хонандаи асили китобхона Норматов Алишер мебошад. Ин навбат низ ӯ бо анбони пур аз китобу маводи чопӣ ба китобхона омад. Вай китобҳои мутолиакардаашро супурда, боз китобҳои дигарро барои хондан мегирад. Аз ҷумла, ҳангоми мулоқот бо мо чунин ибрози андеша намуд: «Китоб табиби беминнати ҳама дардҳои инсонист. Китоб арзишмандтарин гавҳар аст, ки инсонро соҳиби илму дониш, маърифат, ақли солим, гардонида, ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Дар шароити эълон шудани пандемия китобдорони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бештар аз пеш ба истиқболи хонандагон бо риояи чораҳои бехатарӣ баромаданд ва ба амсоли ман ҳазорон нафари дигарро бо китобҳои соҳавию бадеӣ таъмин сохтанд. Сатҳи хизматрасонии шуъбаҳои китобхона дар ин давра боиси таҳсин аст, зеро новобаста аз мушкилоти пешомада чунин корбариро ба роҳ мондан аз касбияти онҳо дарак медиҳад.

Ман ҳамчун як хонанда ба кулли китобдорони китобхонаи вилоятӣ бо арзи эҳтиром ва ихлоси бепоён сипос гуфта, барояшон дар иҷрои рисолат тавфиқ ва дар ҳаёт хушиҳои зиндагиро хоҳонам».

 

Яке аз хонандагони дигаре, ки мунтазам ба китобхона меояду ҳамеша дар ҷустуҷӯҳои илмӣ қарор дорад, Қодирова Фирӯза Рустамовна– мутахасиси маркази илмии Камоли Хучандӣ, докторанти кафедраи забони тоҷикии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» мебошанд. Фирӯзахон дар сӯҳбат бо мо чунин ибрози ақида намуданд:

«Новобаста ба шароити номусоиди баамаломада кормандони Китобхонаи ба номи Тошхоҷа Асирӣ хеле фаъоланд. Барои хонандагон адабиёти заруриро ба тезӣ ва фаъолӣ дастрас намуда, кӯшиш доранд, ки талаботро сари вақт қонеъ намоянд. Аз ҷумла шуъбаҳои хизматрасонӣ, толори хониш, феҳрастҳо, матбуоти даврӣ барои моён китобҳои заруриро дастрас карданд. Дар шуъбаҳо ҳамчунин тамоми талаботҳои беҳдоштӣ вобаста ба муҳофизат аз бемории сироятии вуҷуддошта риоя мегардад. Мо аз фаъолият ва хизматҳои кормандони китобхона миннатдорем».

Дар ҷамъият оилаҳоеро дучор омадан мумкин аст, ки ҳар лаҳзаи вақти пурсамари хешро ғанимат шумурда ба мутолиаву эҷод машғуланд. Иноятов Ислом Додобоевич аз шумори он нафароне мебошанд, ки ҳамеша дар роҳи илм ҳастанду дигаронро низ ба он даъват менамоянд. Чун ин нафар солҳои зиёд ба ҳайси муаллими фанни физика ба хонандагон дарс гуфтаанд фарзандону наберагони худро низ ба китобхониву донишазхудкунӣ талқин менамоянд.

Иноятов Ислом бо ду набераи худ Дӯсталиева Гулдаста ва Дӯсталиев Азизҷон ба вазъияти ҳозира нигоҳ накарда, ҳамеша ба китобхона меоянду вақти хешро босамар мегузаронанд. Эшон зимни сӯҳбат ба мо нақл намуданд, ки онҳо дар хона китобхонаи шахсӣ ташкил намудаанд, ки зиёда аз дусад нусха китобҳои гуногунро дарбар мегирад ва илова намуданд, ки ҳар вақте моҳонаи кори худро мегиранд аввал барои наберагон китоб мехаранду ба хона мебаранд. Маълум гардид, ки худ низ аз хурдӣ то кунун шавқе ба мутолиа доранд ва ин боиси пайравии наберагону пайвандон шудааст.

Дусталиева Гулдаста, ки ҳоло дар синфи ҳафтум мехонад, зеҳни бурро дошта ҳамеша ба мутолиа машғул аст.Ӯ дар суҳбат қайд намуд, ки дар озмуни шаҳрии «Камолхонӣ», ки бахшида ба 700- солагии Камоли Хуҷандӣ ташкил шудааст сазовори ҷои дуюм гардидааст. Инчунин дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ, китоб аст» дар даври шаҳрӣ иштирок намуда, сазовори ҷои якум гадидааст ва ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтааст. Дар озмун аз рӯи наминатсия «Аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик» иштирок намуда, беш аз сад асарро мутолиа намудааст ва зиёда аз 200 ғазалро ҳифз намудааст.

Дӯсталиев Азизҷон дар синфи чорум таҳсил менамояд. Ӯ низ дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ, китоб аст» аз рӯи наминатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик» бо маҳорати баланд иштирок намуда, соҳиби сипоснома гардидааст. Беш аз 60 асари бачагона хонда, 50 ғазал аз худ намудааст.

Ин дӯстрӯякон фикри худро озод баён карда метавонанду маҳорати эҷод карданро низ доранд. Азизҷон дар рӯзномаи «Оламоро» мақолае бо номи «Нонро азиз доред» аз чоп баровардааст. Гулдаста низ дар ҳамин рӯзнома машқи қалам мекунад. Дар баробари ин онҳо ба омӯзиши забонҳои англисиву русӣ машғуланд. Азизҷон дар оянда духтур шудан мехоҳаду Гулдаста бошад ҳуқуқшинос.

Албатта, китобхона макони илму дониш аст ва нафаре, ки ба он ворид мегардад бо дасти тиҳӣ берун намеояд.

Ба ҳамаи толибони илму дониш, мардуми сарбаланди диёр ва тамоми халқи олам тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, рӯзгору хушу саодати умрро таманно дорем.

Ба китобхона оед, мо интизори шумоем.