Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

Навидҳо

Дар оғози моҳи апрел,  аз санаҳои 2-юм то 9-уми апрел  дар китобхонаҳои кишвар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» доир мегардад. Бо ин муносибат китобдорони китобхона  намоиши калони китобию матбуотӣ  «Кӯдакони хушбахти замон» ташкил карда шуд.

* * *

Дар доираи чорабиниҳо  ба муносибати Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» ва муносибати 215-солагии нависандаи данягӣ Ҳанс Кристиан Андерсен намоиши китобӣ ташкил карда шуд.

 *  *  *

 Ҳамасола санаи 21-уми апрел дар ҷумҳурӣ Рузи илми тоҷик қайд карда мешавад. Бо ин муносибат дар толори китобхона аз санаи 8-ум то 13-уми апрел намоиши бошукӯҳи китобию матбуотӣ, таҳти унвони «Бани одам ба илм ёбад камол», ки фарогири беш аз 200 номгӯй китоб ва рӯзномаву маҷалла мебошад, ташкил намуданд.

 *  *  *

 17-уми апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад. Душанбе маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри пайвандгари дилҳо ва макони меҳр аст. Бахшида ба ин рӯз бо ташаббуси кормандони шуъбаҳо китобӣ-матбуотӣ бо номи «Ту шаҳри илму ирофонӣ, Душанбе!» ташкил карда шуд, ки хонандагон дар давоми як ҳафта аз ин намоиш хонандагон  васеъ истифода бурданд.

 *  *  *

 Дар асоси нақша чорабинии китобхона  оид ба пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ифротӣ санаи 20-уми апрел намоиши китоби матбуотӣ дар шуъбаи хизматрасонӣ «Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби замон» ташкил карда шуд.

 *  *  *

 Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ санаи 18-уми апрел кормандони шуъбаи китобҳои санъат зери унвони «Ҳифзи ёдгориҳо – вазифаи муқаддас» намоиши китобию матбуотӣ ташкил намуданд.

 *  *  *

 Дар саҳни ошёнаи дуюми китобхона ба муносибати 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намоиши кушоди китобиву матбуотии «Ёди қаҳрамонони абадист!»  аз санаи 3-юми май то 9-уми май идома кард. Китобдорони шуъбаҳои хизматрасонӣ китобҳои тозаворид ва ҷолибтарин маводи рӯзномаву маҷаллаҳоро интихоб карда, ба намоиш гузоштанд, ки ҳамарӯза аз он истифодабарандагон баҳравар шуданд.

 *  *  *

 Ба муносибати Рӯзи радио кормандони шуъбаи китобҳои техникӣ кишоварзӣ намоиши китобӣ санаи 7-уми май таҳти унвонӣ «Равшангари афкори ҷомеа» ташкил намуданд.

 *  *  *

 Дар  шуъбаи санъат ба муносибати Рӯзи Шашмақом санаи 12-уми май зери сарлавҳаи «Шашмақом-эътибори санъати тоҷик»  масъулони шуъбаи намоиши китобӣ ташкил намуданд.  

 *  *  *

 Дар Рӯзи оила бо ташаббуси кормандони китобхона дар шуъбаҳо намоиши китобию матбуотӣ тахти унвонӣ санаи 15-уми май  «Оилаи солим пойдевори ҷомеа» ташкил карда шуд.

 *  *  *

 Ҳамасола 23-юми май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Бо ин муносибат зери сарлавҳаи «Ҷавонон – нерӯи тавоно ва бунёдкор» дар шуъбаҳо намоиши китобӣ ташкил карда шуд.

 *  *  *

 Дар толори кӯдакону наврасон ва китобхона-филиалҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки он 1-уми июн дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, таҳти унвони «Дунёи рангини кӯдакон» намоиши китобӣ ташкил карда шуд.

 *  *  *

 5-уми июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар шуъбаи хизматрасонӣ ва толори хониш намоиши китобии «Ҳифзи муҳити зист – вазифаи шаҳрвандӣ» пешкаши истифодабарандагон гардид.

 *  *  *

 Дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ аз ҷониби кормандони шуъбаҳои хизматрасонӣ намоиши бошукӯҳи китобию матбуотӣ ва слайдӣ бо номи «Хуршеди Ваҳдат  поянда бод» ташкил карда шуд.