Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» / 17.03.2020

Боиси хушнудист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо тарҳи нав – дар алоҳидагӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа роҳандозӣ гардид.

Ин иқдоми наҷиб масъулияти китобдоронро барои иҷрои рисолати касбии хеш дучанд гардонида, онҳоро ба меҳнати зиёд ва кӯшишҳои пайваста водор месозад. Кормандони Китобхонаи вилоятӣ бо мақсади ба дараҷаи баланд иҷро намудани вазифаҳои касбӣ ва беҳтару хубтар ба мардум фаҳмонидани аҳамият ва вазифаҳои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ташкили чорабиниҳои гуногун саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Яке аз роҳҳои пурсамар ва дастрас дар тарғиби китоб ташкили намоишҳои китобии пурмазмун ба шумор рафта, китобдорон аз ин усул васеъ истифода мебаранд. Барои тарғиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” масъулини шуъбаи хизматрасонӣ дар толори шуъба, ки яке аз бахшҳои истифодабарандааш хеле зиёд аст, намоиши китобии доималкунанда бо фаро гирифтани асарҳои назмиву насрии адабиёти классикӣ, муосир, бачагонаи тоҷик ва намунаҳо аз адабиёти ҷаҳон, ки барои ҳамаи номинатсияҳои озмун пешбинӣ шудаанд, ташкил ва ба маърази истифода гузоштанд. Инчунин дар намоиш Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, тартиб ва шартҳои гузаронидани он бо нишон додани туҳфаҳо дар ҳар номинатсия пешкаши истифодабарандагон гардидааст.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ