Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ХОНИШИ БАЛАНД ДАР КИТОБХОНА / 13.03.2020

Бо ташаббуси кормандони толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи вилоятӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаи таълимии Литсейи №1 шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии хониши баланд маҳфили “Қаҳрамонони Тоҷикистонро мехонем” баргузор гардид.

Сардори толори кӯдакону наврасон Дилрабо Собирова маҳфилро оғоз намуда, слайдеро дар таҳияи кормандони шуъбаи иттилоотӣ-компютерӣ пешкаши хонандагон кард.

Дар идома хонандагони литсейи номбурда Фарида Ҳодибоева, Меъроҷ Абдулғаниев, Ҷамила Ҷӯраева, Абӯбакр Ҳайдаров, Маҳфуза Иномова ва Абӯбакр Облоқулов доир ба зиндагинома ва хизматҳои шоёни Қаҳрамонони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ, таърихшиноси варзида, аллома Бобоҷон Ғафуров, шоири тавоно ва хушбаён Мирзо Турсунзода, поягузорони давлатдории навини тоҷикон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур маърӯза намуданд.

Зимнан муаллимаи муассисаи таълимии номбурда Сурайё Олимова ба сухан баромада, нақши чунин чорабиниҳоро дар шинохти қаҳрамонони миллат барои толибилмони муассисаҳои таълимӣ бисёр бузург баршумурд ва изҳор дошт, ки дар оянда бо китобхона ҳамкориро мустаҳкам ва доимӣ хоҳад кард.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ