Дар ҳар ҷо ки тоҷикон зистаанду мезиянд, осор ва бақоёи олии кишоварзӣ, анвои пурбору арзишманди гиёҳон дида мешавад. Попов М.Г. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.146

РӮЗНОМАНИГОРИ СОҲИБҚАЛАМ/05.03.2020

Кормандони толори хониши Китобхонаи вилоятӣ ба муносибати 75-солагии адиб ва рӯзноманигори барҷаста, узви Иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюби Кенҷа намоиши китобӣ-матбуотӣ бо сарлавҳаи “Рӯзноманигори соҳибқалам” ташкил карданд.

Китобдори дараҷаи аввали шуъба Сурайё Усмонова чанде аз намунаҳои маҳсули қалами Аюби Кенҷаро, ба монанди “Қӯшчинор”, “Номбардор”, “Оинаи дил”, “Саворони сафинаи сафед”, “Ҳафт мурғи ҳумо” ва “Сангистони ҳазордарё ва одаму ҳавво” ба иштирокдорон муаррифӣ кард.

Дар намоиш баробари таълифоти Аюби Кенҷа сарчашмаҳои доир ба зиндагӣ ва осори ӯ иттилоъдиҳанда низ барои шиносоӣ гузошта шуд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ