АРТИШИ МИЛЛӢ – ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ/21.02.2020
Масъулини шуъбаи матбуоти даврӣ бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ дар даромадгоҳи шуъба таҳти унвони “Артиши миллӣ – такягоҳи боэътимоди давлат ва миллат” намоиши матбуотӣ омода намуда, мақолаҳои дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба ин муносибат нашргардидаро пешкаши хонандагон гардониданд.
Намоши матбуотӣ фарогири мақолаҳои зерин буд:
1. Зиёев, Қ. Мактаби Ватандӯстӣ ва мардонагӣ [Матн]/ Қ. Зиёев // Маърифати омӯзгор. –2013. –№1-2 –С. 8-9.
2. Ёқубзод, 3. Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сипари муътамади Ватананд [Матн] / 3.Ёқубзод // Тоҷикистон. –2016. –1-2. –С.16-19.
3. Ҳасанӣ, А. Низомиёни боназокат [Матн] / А.Ҳасанӣ // Фирӯза. –2017. –№2. –С.6.
4. Бойбобоева, С. Ватан меҳрат ба дилам баски ҷо шуд... [Матн] / С.Бойбобоева // Маърифати омӯзгор. –2017. –№2. –С. 17-20.
5. Маҳмадализода, Ф. Қувваҳои мусаллаҳ – сутуни муътамади барқарории давлат [Матн] / Ф.Муҳамадализода // Тоҷикистон. –2017. –1-2. –С. 14-17.
6. Алиев, Ш. Мардонагиву далерӣ омӯзем [Матн] / Ш.Алиев // Тирози ҷаҳон, 2017. –22 феврал.
7. Маҳмадулло, Н. Ҳамеша посбони ту Ватан манам... [Матн] / Н.Маҳмадулло // Минбари халқ. –2017. –22 феврал.
8. Касирзода, Б. Мактаби мардонагӣ [Матн] / Б.Касирзода // Минбари халқ. –2017. –22 феврал.
9. Шарифов, М. Артиш–мактаби матонату мардонагӣ [Матн] / М.Шарифов // Минбари халҳ. –2018. –21 феврал.
10.Ҷалилов, С. Артиши миллӣ – мактаби садоқату мардонагӣ [Матн] / С.Ҷалилов // Баҳори аҷам. –2018. –21 феврал.
11. Шарифов, Д. Артиш – сипари боэътимоди давлат [Матн] / Д.Шарифов // Баҳори аҷам. –2018. –21 феврал.
12. Раҳимзода, М. Ҳифзи Ватан қарзи виҷдон аст [Матн] / М.Раҳимзода // Ҳақиқати Суғд. –2019. –19 феврал.
Инчунин бахшида ба ин сана бо ташаббуси китобдори китобхона-филиали №4 Умеда Ҷӯраева дар ҳамкорӣ бо омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Маҳастии Хуҷандӣ Моҳира Усмонова чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ собиқадори соҳа, ҷанговари интернатсионалист, дорандаи ордени “Ҷанги Сурх” Пӯлодҷон Рофиев, мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии назди Раёсати фарҳанг Фароғат Усмонова ва хонандагону омӯзгорони муассисаи номбурда ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо гуфторҳо дар бораи афсарон аз ҷониби хонандагони синфи 4“а”-и муассиса оғоз гардида, бо шеъру сурудхонӣ идома ёфт. Толибилмон бо иҷрои саҳначаи “Гусели аскар” ва шеърҳо дар васфи Ватан собит намуданд, ки дар оянда сипарони боэътимоди Ватан хоҳанд шуд.
Чорабинӣ бо суханронии собиқадори соҳа Пӯлодҷон Рофиев анҷом пазируфт.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ