Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

ҚАДРДОНИИ ИШТИРОКЧИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…»/14.02.2020

 

 

 Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб ва ба пешвози Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолони шаҳри Хуҷанд кормандони шуъбаи толори хизматрасонии махсус Мухлисахон Бобохонова, Мақсадҷон Восидова ва масъули китобхона-филиали №2 Малика Қосимова бо мақсади аёдат ва қадрдонии яке аз иштирокчиёни фаъоли озмуни умумиҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» (соли 2019) Долотказин Ирик Анварович ташриф оварданд. Китобдорон фарди номбурдаро барои он ки дар тарғибу ташвиқи фарҳангу маънавиёт ва китобу китобхонӣ байни ҳамгинони худ саҳми арзанда гузоштааст, бо Сипосномаи Китобхонаи вилоятӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ намуданд.

Инсони шариф Долотказин Ирик Анварович аз ҳузури китобдорон ва қадрдонии онон хурсанд гашта, баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”-ро натиҷаи таваҷҷуҳу ғамхории фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, ваъда дод, ки имсол низ дар озмун ширкат хоҳад кард.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ