Тоҷикон, ки иксири ҳастии худро дар забон дида буданд, дар ҳар замону ҳар шароит онро дар мағзи ҷон ҳифз карда буданд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.57

БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲАДЯИ КИТОБ ДАР КИТОБХОНА/14.02.2020

Ҳамасола дар саросари ҷаҳон санаи 14-уми феврал ҳамчун Рӯзи ҳадяи китоб таҷлил мегардад. Дар Рӯзи ҳадяи китоб мо метавонем ба фарзандону наздикони худ, ба боғчаю мактабҳо ва бахусус ба мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳо китоб ҳадя карда, кӯдакон ва хонандагонро ба китобхонию донишомӯзӣ ҷалб намоем, зеро китоб ганҷи бебаҳо буда, бо воситаи он дониши инсон васеъ гардида, зеҳнаш ҳам сайқал меёбад.

Бо ин мақсад, дар китобхона-филиали №2 воқеъ дар бинои Маҷмааи фарҳангии шаҳри Хуҷанд ба номи Ҳоҷиумар Қосимов ба ин муносибат таҳти унвони «Зинда бош, китоб!» сабқати (аксия) китобхонавӣ ва намоиши китоб гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ хонандагони фаъоли китобхона-филиали номбурда ва сокинони маҳаллаи Сайҳун иштирок намуданд. Омӯзгорони Мактаби мусиқии №4 Дилноза Толибова ва Мунаввара Қурбонова, ки истифодабарандагони фаъол маҳсуб меёбанд, 16 номгӯйи китобҳои тозанашрро ба масъулини ин китобхона-филиал туҳфа карда, саҳми хешро дар ғановат бахшидани махзани китобӣ гузоштанд.

Инчунин дар Коллеҷи техникии ғайридавлатии шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси китобдори китобхона-филиали №5 Малика Зоҳирова ҳамингуна чорабинӣ бо иштироки донишҷӯёни соли дуюми коллеҷи мазкур доир гардид. Хазинаи ин китобхона-филиал бо саҳмгузории донишҷӯён, ки 20 номгӯ китоби дарсӣ туҳфа оварданд, зиёд шуд.

Дар ин рӯзи фарҳангу маънавиёт кормандони китобхона-филиали №6 дар ҳамкории МТМУ №19-и шаҳри Хуҷанд бо хонандагон суҳбат гузарониданд. Дар ҷараёни суҳбат кормандони китобхона-филиал барои ҷалби бештари хонандагон ба китобхонӣ ва баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ  ба 10 нафар хонандаи фаъоли ин китобхона-филиал китобҳои бадеии бачагона туҳфа намуданд.

Ҳамзамон дар ин рӯз бо ташаббуси китобдори китобхона-филиали №4 Умеда Ҷӯраева дар МТМУ №3-и шаҳри Хуҷанд ба номи Маҳастии Хуҷандӣ мулоқот бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ баргузор шуд, ки китобдори номбурда низ мисли дигар ҳамкасбонаш дили кӯдаконро бо ҳадяи китоб болида сохт.

 Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ