РӮНАМОИИ КИТОБИ “АЗ ҲАЗОРЧАШМА ТО ЧИКАГО”/7.02.2020
Дар шуъбаи забонҳои хориҷӣ бо ташаббуси китобдорон маҷмӯаи мақолоти конфронси илмӣ бахшида ба 70-солагии дотсенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии МД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Алиҷон Бойматов бо номи “Аз Ҳазорчашма то Чикаго” (Хуҷанд, 2018) рӯнамо шуд. Китобро сардори шуъбаи мазкур Амонова Муҳаббат барои донишҷӯёни соли таҳсили аввали факултети забонҳои хориҷӣ муаррифӣ кард. Вай зикр кард, ки “Маҷмӯа аз пешгуфтор, се қисм иборат аст. Пешгуфтори маҷмӯа ба қалами Ректори муассисаи давлатии мазкур, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед тааллуқ дорад. Дар қисми аввал, ки “Меҳрнома” ном дорад, навиштаҳои меҳрбори шогирдону ҳамкасбони дотсент Алиҷон Бойматов гирдоварӣ шудааст. Қисми дуюми маҷмӯа “Дар маҷрои зиндагӣ” ном дорад, ки дар он ёддошти худи дотсент Алиҷон Бойматов дарҷ шудааст. Муҳимтарин қисми маҷмӯа қисми сеюм – “Масоили мубрами забоншиносии типологӣ, германӣ ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ” мебошад, ки зиёда аз 50 мақолаи илмии магистру омӯзгорони кафедраи мазкур дар он фароҳам оварда шудааст”. Китобдори номбурда афзуд, ки “Маводи қисми сеюми китоб барои донишҷӯён хеле муфид буда, дар он масъалаҳои марбут ба таълими забони англисӣ мавриди таҳлилу баррасии муҳаққиқон қарор гирифтааст. Мақолаҳо ба забони тоҷикӣ ва русӣ таълиф шуда, хеле кӯтоҳ, аммо пурмазмун мебошанд”.
Донишҷӯён баъд аз шунидани суханронии китобдор китоби мазкурро ба даст гирифта, аз рӯи мундариҷаи он номгӯи мақолаҳои барояшон лозимро қайд карда гирифтанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ