ТАЪРИХНИГОРИ ВАРЗИДА /29.01.2020
Бо мақсади арҷгузорӣ ба хидматҳои шоёни муаррихи тавоно ва олими пухтакору соҳибмактаб, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Усмонҷон Ғаффоров китобдорони шуъбаи толори хониш суҳбат ва намоиши китобӣ бо фарогирии осори илмии мавсуф ташкил намуданд. Дар чорабинӣ собиқадори соҳа, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Солиҷонов, донишҷӯёни бахши китобхонашиносии Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ва кормандони китобхона ширкат доштанд.
Донишҷӯён бо намоиши китобии дар толори шуъба омодагардида шинос шуда, дар атрофи чанде аз монографияҳо бо устоди соҳа Нодирҷон Солиҷонов саволу ҷавоб доир намуданд. Дар оғози суҳбат сардори толори кӯдакон ва наврасон Дилрабо Собирова ҳадафи баргузории чорабиниро ба ҳозирин бозгӯӣ намуда, зимоми суханро ба китобдори толори хониш Замира Зоидова вогузошт. Номбурда доир ба фаъолияти меҳнатӣ ва осори таълифнамудаи Усмонҷон Ғаффоров маърӯзаеро бо номи “Олим, омӯзгори гулчини ҳикмати ниёгон” пешкаши ҳозирин гардонид.
Китобдори дараҷаи аввали шуъбаи хизматрасонӣ Норматова Зуҳро чанде аз китобҳои муаррихи мазкурро ба иштирокдорон муаррифӣ карда, афзуд, ки профессор Усмонҷон Ғаффоров усули такноманигориро дар таърихнависии муосири кишвар пеш гирифта, доир ба ҳаёт ва эҷодиёти афроди барӯманд, аз ҷумла шоирону нависандагон, арбобони давлатӣ китобҳои алоҳида таълиф кардааст.
Собиқадори соҳа Нодирҷон Солиҷонов ба сухан баромада, аз равобити неки худ бо Усмонҷон Ғаффоров ёдовар шуд ва хизмати ӯро дар таърихнигории миллӣ бисёр бузург шуморид. Гузоришкунанда афзуд, ки “Дар ҳудуди вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ кам нафароне пайдо мешаванд, ки чун Усмонҷон Ғаффоров ба ин теъдод асари илмӣ таълиф карда бошанд. Ин донишманди шинохта қариб ба ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти мардум асару мақолаҳо навиштааст”. Зимнан, Нодирҷон Солиҷонов чанде аз китобҳои ба намоиш гузошташударо ба даст гирифта, доир ба аҳамият ва дарунмояи онҳо сухан ронд.
Ҳамчунин дар шуъбаи матбуоти даврии китобхона намоиши матбуотӣ зери унвони “Таърихнигори соҳибистеъдоди мо” ташкил гардид, ки хонандагон метавнанд давоми ҳафта аз он истифода намоянд.
Дар ин радиф, кормандони толори кӯдакон ва наврасони китобхона ҳам чунин намоиши фарогири осори таърихии Усмонҷон Ғаффоровро бо сарлавҳаи “Равшангари таърих” ташкил ва ба маърази истифода гузоштанд, то истифодабарандагони наврас бо ному шахсияти ин муаррихи пуркор ошно шаванд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ