Тоҷикон, ки иксири ҳастии худро дар забон дида буданд, дар ҳар замону ҳар шароит онро дар мағзи ҷон ҳифз карда буданд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.57

ДОНИШҲОИ ДАҚИҚ – АСОСИ САРМОЯИ ИНСОНӢ / 28.01.2020

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди фанҳои табиӣ, дақиқ, омӯзиши технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ этибори махсус зоҳир гардида, таълими амиқу саривақтии фанҳои дақиқ ҷиддан таъкид карда шуд. Сарвари давлат аҳамияти омӯзиши фанҳои дақиқро дар замони муосир омили муҳими пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти халқ баршумурда, дастур доданд, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба ин фанҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Бо назардошти афзалияти ин самти таълим пешниҳод гардид, ки дар ҷумҳурӣ солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад.

Китобдорони Китобхонаи вилоятӣ ҳамчун тарғибкунандагони Амру Фармонҳо ва дастуру супоришоти Пешвои миллат ва қарору фармоишоти ҳукумати мамлакат баҳри саривақт ба мардум  фаҳмонидани моҳияти барномаҳои давлатӣ кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт чорабиниҳои гуногун ташкил намуда истодаанд.

Тарғиби китоб вобаста ба санаҳои муҳими таърихи кишвар ва барномаҳои муҳими давлатӣ яке аз беҳтарин васоити ошносозии мардум ба шумор рафта, натиҷаҳои дилхоҳ дар пай дорад. Бо ин мақсад масъулини толори хониши китобхона намоиши китобии доимамалкунандаеро дар ин мавзӯъ ташкил карданд, ки шурӯъ аз ин сана мавриди баҳрабардории истифодабарандагон қарор хоҳад гирифт.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ