Тоҷикон, ки иксири ҳастии худро дар забон дида буданд, дар ҳар замону ҳар шароит онро дар мағзи ҷон ҳифз карда буданд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.57

ЗИ ҲУШАНГ МОНД ИН САДА ЁДГОР…/28.01.2020

Сада аз куҳантарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба шумор  омада,  пайдоиши он ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Маълумоти нахустин доир ба ин иди қадимаи мардуми мо дар сангнабиштаҳо ва сафолпораҳову навиштаҷоти рӯи филизот мавҷуд буда, дар устураҳо ва эҷодиёти шифоҳии мардум низ маълумоти гуногун ба мушоҳида мерасад.

 Пайдоиши Ҷашни Сада ба хуршеду оташ ва нуру рӯшноӣ пайванд мегирад ва ин аст, ки хуршеду оташ ҳамчун манобеи нуру гармиву фурӯзонӣ ва рӯшноии мунавварсозандаи қалб ва идомаи зиндагии босаодат, мавриди эҳтиром ва ситоиши мардум қарор гирифтаанд.

Сабаби дигари манбаи ниёиш қарор гирифтани унсурҳои ёдшуда, ки ба пайдоиш ва маҳбубияти ин ҷашни қадимаи ниёгони мо гардидааст, муҳаққиқон бар ҳаводиси даҳшатовари табиат ва таъсири равшанӣ ба торикиву зулмот медонанд. Аз ҷумла Пешвои муаззами миллат доир ба ин масъала навиштаанд: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди нерӯҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».

Таҷлили Иди Сада байни мардум хеле роиҷ буд ва мардум онро панҷоҳ рӯз қабл аз ҷашни Наврӯз – 10-уми Баҳманмоҳ ҷашн мегирифтанд, ки ин сана мувозӣ ба 30-юми январи солшумории мелодист.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббус ва кӯшишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мероси ғании давоми асрҳо зери ҳаводиси таърихӣ ва фарҳангҳои таҷовузкори аҷнабӣ ноаёнгардидаи миллати тоҷик тадриҷан ҷилои худро пайдо карда, имрӯз аз нав мақоми худро соҳиб гардид.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола дар ҳудуди кишвари азизамон санаи 30-юми январ Иди Сада бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос ҷашн гирифта мешавад.

Кормандони шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ чун дигар санаҳову ҷашнҳои ҳумоюнии миллӣ ва корномаҳои афроди барӯманди  кишвар номгӯи асару мақолаҳоро дар картотекаҳо (чандбаргаҳо) вобаста ба Ҷашни Сада низ ҷамъоварӣ намуда, пешкаши истифодабарандагон гардониданд. Чандбаргаи таҳияшуда зиёда аз 70 номгӯи асару мақолаҳоро фаро мегирад.

Ҳамчунин, дар доираи нақша-чорабиниҳои барои соли ҷорӣ таҳиянамудаашон кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ва техникӣ-кишоварзии китобхона баҳри тарғиби адабиёти вобаста ба ҷашнҳои бошукӯҳи миллӣ ва сазовор таҷлил гардидани Иди Сада суҳбат  ва намоиши китобии фарогири зиёда аз 50 асарҳои соҳавӣ ташкил ва пешкаши хонандагон гардониданд.

Китобдори шуъбаи хизматрасонӣ Гулбаҳор Рустамова доир ба пайдоиш ва густариши Ҷашни Сада маълумот дода, бо донишҷӯёни бахши китобхонашиносии Коллеҷи санъати ба номи Содирхони Ҳофиз саволу ҷавоб доир намуд. Номбурда зимни суҳбат аз тадбирҳои неки роҳбарияти олии мамлакат дар ҳифз ва нигоҳдории мероси ғайримоддии халқ ёдовар шуда, хизматҳои Пешвои миллатро дар ин самт бузург шуморид.

Дар идома сардори шуъбаи техникӣ-кишоварзӣ Зайнура Дадобоева бо фарорасии Ҷашни Сада ҳозиринро таҳният гуфта, зимнан китобҳои ба соҳаҳои агротехника ва заминшиносӣ марбути шуъбаро тариқи рӯйхати тавсиявӣ пешкаши донишҷӯён гардонид ва чорабиниро ҳусни анҷом бахшид.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ