НАРИМОН БАҚОЗОДА–ШОИРИ ДӮСТДОШТАИ КӮДАКОН / 24.01.2020
Дар толори кӯдакон ва наврасон ба муносибати 85-солагии шоири дӯстдоштаи кӯдакон, рӯзноманигори варзида, драматург ва тарҷумони намоён, Ходими шоистаи фарҳанги ҷумҳурӣ, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони кишвар Наримон Бақозода (26.01.1935, ш.Самарқанд – 26.01.2009, ш.Душанбе) намоиши китобӣ ташкил карда шуд.
Сардори толори мазкур китобдори ташаббускору хушиқдом Собирова Дилрабо ҳар як хонандаи навраси тозамуроҷиатро, ки бо мақсади дастрас кардани китобҳои барояш нав ва ё мутолиаи китоби дилхоҳ ба толор ҳузур овард, бо маводи намоиш ошно карда, дар бораи шахсияти шоир ва фаъолияти эҷодии вай суҳбатҳои инфиродии кӯтоҳ, аммо судманд орост. Вай дар суҳбат маҷмӯаҳои ашъори шоир, аз ҷумла «Гулдара» (1969), «Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо» (1971), «Сурнайчӣ» (1975), «Оши ҳалол» (1978), «Чӣ хуш аст?» (1983) -ро номбар карда, китоби «Дафтари мо кони панҷ» (1985)-ро ба даст гирифта, аз он намунае аз эҷодиёти адиб қироат намуд.
Алоқамандон метавонанд аз ин намоиш давоми ҳафтаи оянда низ баҳравар гарданд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ