Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

МАҲФИЛИ АФСОНАХОНӢ ДАР КӮДАКИСТОНИ №33 ШАҲРИ ХУҶАНД / 22.01.2020

Шунидани афсонаҳои халқҳои олам барои кӯдакон омили муҳими дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва омӯзиши забонҳои гуногуни ҷаҳон тарбия ёфтани онон мегардад.

Ба муносибати 235-солагии донишманд, устурашинос Якоб Гримм (1785–1863), ки баробари фаъолияти густардаи эҷодӣ, илмиву адабӣ  бо бародараш Вилгелм Гримм (1876 – 1859) афсонаҳои олмониро гирдоварӣ намудааст, китобдорони толори кӯдакону наврасон маҳфили “Афсонахонӣ”-ро дар кӯдакистони №33 шаҳри Хуҷанд баргузор намуданд. Кӯдаконро муараббия, роҳбари гурӯҳи тайёрии томактабӣ Нурматова Малика бо сардори толори мазкур Собирова Дилрабо ошно кард.

Баъдан китобдори ботаҷрибаи номбурда ба муаррифии шахсияти Якоб Грим ва хизматҳои вай дар гирдоварӣ ва нашри афсонаҳои халқии мардуми Олмон пардохт. Албатта, ин иттилоърасонӣ оғози маҳфил буд. Дар идома вай аз афсонаҳои олмонӣ намунаҳои ҷолибро барои кӯдакон хонд ва ҳамчунин онҳоро ба нақли афсонаҳои дӯстдоштаашон водошт. Ба даъвати ӯ хурдсолони хушзеҳну бурросухан – Меҳрона Норматова, Осия Бобоҷонова, Амирхон Носиров, Севара Мамадҷонова, Саида Муҳиддинова, Маҳбуба Мухаммедова маҳорати худро дар нақли афсона нишон доданд. Китобдор ва мураббия бо зикри суханҳои ҷолиби ҳикматнок аз забони қаҳрамонҳои барҷастаи афсонаҳои халқи тоҷик дили кӯдаконро ба ояндаи дурахшони инсоният ва ҳаёти ширини ормонии башар аз буда ҳам бештар гарм карда, онҳоро ба омӯхтани ҳарфҳову рақамҳо, ҳифзи порчаҳои шеъриву насрӣ шавқманд намуданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ