ДИЛБОХТАИ САНЪАТ/07.01.2020
Арҷгузорӣ ба хидмату меҳнати намояндагони барҷастаи пешаҳои гуногун, ки бо рафтори намунавӣ, хулқу одоб ва истеъдоди фитрии худ дар дилҳои мардум маъво гирифта, умри ҷовидонӣ ёфтаанд, яке аз самтҳои асосии фаъолияти китобдорон ба шумор меравад.
Ба ин мақсад кормандони шуъбаи санъати китобхона дар асоси нақшаи чорабиниҳое, ки барои соли равон пешбинӣ намудаанд, 90-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ордени “Нишони фархрӣ” ва медали “Барои меҳнати шоён” Муътабар Иброҳимоваро бо донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз дар шакли суҳбат таҷлил намуданд. Суҳбат дар толори илмӣ-таълимии китобхона зери сарлавҳаи “Дилбохтаи санъат” доир гардид. Нахуст слайди фарогири аксҳо аз лаҳзаҳои зиндагӣ ва фаъолияти ҳунарии Муътабар Иброҳимова ба донишҷӯён намоиш дода шуд. Дар идома китобдори шуъбаи санъат Фирӯза Қаюмова асару мақолаҳо ва сарчашмаҳои илмии фарогири маълумот дар бораи Муътабар Иброҳимоваро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Собиқадори соҳаи китобдорӣ Аҳрор Аҳмадов зимнан иброз намуд, ки ширкати донишҷӯёни бахши китобдориву китобшиносӣ дар чунин вохӯриву суҳбатҳо беҳтарин воситаи донишгирӣ, шиносоӣ бо кори китобхона ва таҷрибаомӯзии амалӣ маҳсуб меёбад.
Чорабинӣ бо музокираи аҳли маҳфил анҷом пазируфт.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ