Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО

Дар Шӯрои китобдорони
Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ
аз 27.12.2019 бо суратҷаласаи №12 тасдиқ шудааст.
 Директор______Мирсаидов Б.Т.


НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО
барои тарғибу ташвиқ ва татбиқи амалии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (шаҳри Душанбе, 26.12.2019)

Номгӯи чорабиниҳоМуҳлатМасъулон ва шарикон
Тарғибу ташвиқ ва татбиқи амалии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (ш.Душанбе, 26.12.2019) Доимӣ Маъмурият, ҷомеаи меҳнатии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва тамоми китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят
Такмили гӯшаҳои доимии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва тамоми китобхонаҳои вилояти Суғд Доимӣ Маъмурият ва китобдорони тамоми китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят
Ташкили гӯшаи ҷудогона ва баннер барои тарғиби касбу ҳунаромӯзӣ бо пешниҳоди китобу дастурҳо ва маҷаллаҳои вобаста ба соҳаҳои истеҳсолоту саноат ва ҳунармандӣ Доимӣ Маъмурият ва китобдорони тамоми китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят
Ташкили намоишҳои доимоамалкунанда, гӯшаҳо, баннерҳо бо мақсади равнақу таҳкими илмомӯзӣ ва барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас дар «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020 -2040) Доимӣ Маъмурият ва китобдорони тамоми китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят
Ташкили махзани хурд ва гӯшаи ҷудогона барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» Доимӣ Маъмурият ва китобдорони тамоми китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят
Таъсиси гӯшаи ҷудогона ва баннер барои татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» Доимӣ Маъмурият ва китобдорони тамоми китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят
Ташкили гӯшаи ҷудогона, намоиши китобӣ-матбуотӣ, баннер барои маъракаи интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ Семоҳаи аввал Маъмурият ва китобдорони тамоми китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят
Таъсиси гӯшаҳои ҷудогона ва баннерҳо ба истиқболи 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм ва 700-солагии шоири машҳур Камоли Хуҷандӣ Доимӣ Маъмурият ва китобдорони тамоми китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят
Ташкили гӯша ва баннер барои тарғиби имкониятҳои сайёҳии мамлакат Доимӣ Маъмурият ва китобдорони тамоми китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят
Таъсиси гӯша, намоиши китобӣ-матбуотӣ, баннер, слайд ва роликҳо барои фаҳмонидани оқибатҳои фалокатбори падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, радикализм, ифротгароӣ ва фундаментализми динӣ Доимӣ Маъмурият ва китобдорони тамоми китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят
Таъсиси гӯша, намоиши китобӣ-матбуотӣ, баннер, слайд ва роликҳо барои фаҳмонидани оқибатҳои коррупсия ва омилҳои ба он мусоидаткунанда Доимӣ Маъмурият ва китобдорони тамоми китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят
Баргузор намудани семинари омӯзишӣ бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани тамоми давраҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар соли 2020 бо номи «Фарҳанги китобдорӣ ва китобхонӣ: Табодули таҷриба ва татбиқи усули писандидаи робитаи хонанда бо китобхона» Семоҳаи аввал Раёсати фарҳанг, бахши фарҳанги шаҳру навоҳӣ, садорат ва китобдорони тамоми китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят
Барои гирифтани маълумоти олии соҳавӣ сафарбар намудани китобдорони вилоят ба факултету бахшҳои китобдориву китобшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Доимӣ Раёсати фарҳанг, бахши фарҳанги шаҳру навоҳӣ, садорат ва китобдорони тамоми китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят
Таҳия ва таълифи китобҳо аз рӯи силсилаи «Китобхонаи китобшиносӣ» Доимӣ Маъмурият ва ҷомеаи меҳнатии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ