Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

НУКТАҲОИ МУҲИМ аз ҷараёни баргузории чор даври озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...»

НУКТАҲОИ МУҲИМ
аз ҷараёни баргузории чор даври озмуни ҷумҳуриявии
«Фурӯғи субҳи доноӣ...» дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе

Тоҷикон аз қадимулайём то кунун соҳиби фарҳанги олии китобу китобдорӣ буда, ба ҳама гуна осори хаттӣ арҷу эҳтиром мегузоранд. Китоб барои миллати сарбаланди мо ва аҷдоди соҳибфазлу донишварамон ҳамчун шиноснома ва нишони ҳастиву бақо пазируфта шудааст.

Ба зери болини кӯдак китоб ниҳодан, мероси хаттиро дар сақфи хона ва тоқҳои баланд гузоштан, ҷилду муқоваи китобро бо ҳазор рангу санъат ороиш додан, коғазпораи навиштаю варақпораҳоро аз замин бардоштану ба чашм молидан, ҳурмати китобдору китобхонро ба ҷо овардан, ба соҳибилму соҳибҳунар иродат варзидан ва мисли ин даҳҳо суннати нек ҳазорсолаҳо боз миёни мардуми мо қоиму устувор аст.

Матлаби ёдшударо сухани пандомӯзонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит месозад: «Китоб дар назди мардуми мо чунон қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд. Бо ният ва умеде, ки дониш чароғи равшани дили ӯ ва дар гирудори зиндагӣ ҷавшани танаш бошад. Ин анъанаи нек бояд идома ёбад ва ба наслҳои оянда дарси ибрат гардад».

Боиси ифтихор ва лоиқи омӯзишу истиқбол аст, ки дар даврони истиқлолият анъанаҳои неки китобу китобдорӣ, бунёди китобхонаҳои нав, нашри силсилаи асарҳои бадеӣ, адабӣ, илмӣ, таърихӣ, таълимӣ ва анвои дигари китобҳо бо ҳидояту раҳнамоиҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати ҳамаҷониба меёбанд ва соҳаи китобшиносӣ дар мамлакат рӯ ба пешрафтҳои рӯзафзун меоварад.

Боиси сарфарозии китобдорону китобдӯстон буд, ки санаи 9-уми феврали соли 2019 таҳти №АП-1165 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба тасвиб расид. Моҳҳои июн, июл ва ноябри соли 2019 давраҳои якум, дуюм ва сеюми озмуни мазкур дар қаламрави вилоят ва моҳи декабри ҳамин сол дар шаҳри Душанбе даври чоруми он баргузор гардид.

Дар заминаи ин Амр қарори Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода (№225 аз 10.05.2019) ба имзо расида, 111890 (яксаду ёздаҳ ҳазору ҳаштсаду навад) сомонӣ барои қадрдонии ғолибон дар даври вилоятӣ маблағ ҷудо шуд.

Бояд гуфт, ки аз буҷети шаҳру навоҳии вилояти Суғд барои даври дуюм-даври шаҳриву ноҳиявии озмун ҷамъан 109225,8 (яксаду нуҳ ҳазору дусаду панҷоҳу панҷ сомонию 80 дирам) сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Мутобиқи Амри ёдшудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонии 13 нафар бо маблағҳои пулӣ (1 нафар ба Шоҳҷоиза ва 12 нафар бо ишғоли 3 ҷой аз рӯи 4 номинатсия) пешбинӣ шуда буд.

Аз ин рӯ, масъулони шаҳру навоҳӣ тибқи талаботи Амру низомнома ва тартиби баргузории он вазифадор гардида буданд, ки дар ҳар давраи озмун на камтар аз 13 нафарро бо туҳфаи пулию молӣ қадршиносӣ намоянд. Инчунин барои қадрдонии иштирокчиёну ғолибон барои ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд ягон монеа вуҷуд надошт.

Бо мақсади риояи ҳамин меъёр ва иҷрои ҳаматарафаи Амр китобдорону масъулони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ низ баъди ҷамъбасти даври дуюм-даври шаҳриву ноҳиявӣ аз китобхонаҳои 18 шаҳру ноҳияи вилоят ҷузвдони (папкаи) 234 нафар ғолибро талаб намуданд.

Таъкид кардан зарур аст, ки аз 10-уми феврали соли 2019 шурӯъ карда, бо ташаббуси китобдорон дар тамоми китобхонаҳои шаҳру навоҳӣ, шуъбаҳо ва китобхона-филиалҳои Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ гӯшаҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ таъсис дода шуданд.

Санаи 14-уми феврал аз ҳисоби кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳафт гурӯҳи тарғиботӣ барои таблиғу ташвиқи Амри мазкур ва ҷалби қишрҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд ба даври шаҳрии озмун созмон дода шуд.

23-юми май бо иштироки директорон, мушовирону дастурдеҳон, китобшиносону китобдорони 18 шаҳру ноҳияи вилоят, Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, директорони китобхонаҳо ва китобдорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Таҳкими фаъолияти китобхонаҳои деҳот ва роҳҳои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ» машварати илмӣ-назариявӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар машварат бори дигар нуктаҳои меҳварии Амри Пешвои миллат, низомнома ва тартиби доир намудани озмун бо маърӯзаҳо, намоишҳои электронӣ (слайдҳо) ва маводи тарғиботӣ ҳамаҷиҳата фаҳмонида шуд.

Дар ифтитоҳи машварат собиқ сардори Раёсати фарҳанги вилоят Набиев О.А. моҳияти тадбирҳои дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вилоят амалишавандаро маънидод карда, аз китобдорон даъват ба амал овард, ки ҳар як даври озмун аз даври аввал – даври ҷамоати деҳот сар карда ба таври фарогиру шоиста баргузор шавад.

Тибқи «Тартиби баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ... », ки бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 19.02.2019, №16/10-43 ва Протоколи ҷаласаи комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз 13.02.2019, №16/10-43 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон) омода гардидааст, аз 10.03.2019 то 10.06.2019 миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун хонандагону донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо сабқат намуданд.

Аз маълумоти Раёсати маориф ва ахбори ба Кумитаи ташкилии озмун пешниҳодкардаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бармеояд, ки аз 10.03.2019 то 10.06.2019 беш аз 40 ҳазор нафар хонандаи макотиби таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 12 ҳазор нафар донишҷӯ байни ҳам мусобиқа карданд. Аз ин теъдоди довталабон 3373 ғолиби арзанда ба даври аввали озмун роҳ ёфт.

Даври аввал санаҳои 15-29-уми июн дар ҷамоати деҳоту шаҳраки вилоят ҷараён гирифт.

Тибқи барқияи собиқ муовини Раиси вилояти Суғд, муҳтарама Назира Ғаффорӣ (№370-5/5тф аз 4.07.2019) даври дуюми озмун – даври шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз санаи 6-ум то 30-юми моҳи июл доир гардид, ки дар он 1059 нафар ғолиби даври аввал ширкат намуд.

Аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида дар рӯзҳои баргузории даври дуюм дар шаҳру навоҳӣ сохторҳо ва муассисаҳои вилоятӣ, таълимӣ, илмӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд намояндагӣ карданд.

Дар тамоми шаҳру навоҳӣ 13 нафарӣ – як нафар сазовори Шоҳҷоиза ва 12 нафар бо ишғоли 3 ҷой аз рӯйи 4 номинатсия, ҳамагӣ 234 нафар ғолиби даври шаҳриву ноҳиявӣ гардиданд.

Аз рӯи касбу кор, вазифа ва ҷойи таҳсил 234 нафари ба даври вилоятӣ роҳёфта дар рӯзҳои аввали натиҷагирӣ чунин дастабандӣ шуд:

1. Тарбиятгиранда (синни томактабӣ) – 3 нафар.

2. Хонанда – 188 нафар.

3. Донишҷӯ – 9 нафар.

4. Магистрант – 1 нафар.

5. Докторант – 2 нафар.

6. Омӯзгор – 18 нафар.

7. Рӯзноманигор – 2 нафар.

8. Адиб – 2 нафар.

9. Китобдор – 2 нафар.

10. Корманд – 4 нафар.

11. Сарбоз – 1 нафар.

12. Посбон – 1 нафар.

13. Соҳибхоназан – 1 нафар.

Даври сеюм – даври вилоятӣ дар асоси мактуби ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода (16/10-229 аз 7.10.2019), супоришномаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарама Раҳмон Озода Эмомалӣ (16/10-229 аз 10.10.2019) ва Протоколи ҷаласаи назди ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (16/10-236 аз 16.10.2019) бо тасдиқи ҷадвали баргузорӣ ва ҳайати ҳакамон рӯзҳои 21-23-юми ноябри соли 2019 дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Мувофиқи талаботи банди 44-и «Тартиби баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ... » дар даври сеюм-даври вилоятӣ ҳамагӣ 90 нафар – 5-нафарӣ аз ҳар шаҳру навоҳӣ ширкат намуданд. Матни банди 44 чунин аст: «Ҳайати комиссияи Озмун баъди натиҷагирии пурра аз фаъолияти одилонаи кори комиссияи Озмун ва аппелятсионӣ холҳои бадастовардаи довталабонро ба таври воқеӣ таҳлил намуда, аз ҳисоби онҳое, ки дар Озмун аз ҳамаи иштирокчиён аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодгардидаи Озмун ва иштирокчии «Шоҳҷоиза» натиҷаи баландро соҳиб гардидаанд, барои иштирок ба даври вилоятӣ, минтақавӣ (барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва шаҳри Душанбе якнафариро интихоб менамояд».

Ҳайати ҳакамони даври вилоятӣ аз шахсони зерин иборат буд: Фарҳод Раҳимӣ – муовини раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик – раиси ҳайати ҳакамон, Муҳаммадшариф Бобошоҳзода – муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – узви ҳайат, Зайнура  Азимӣ – муовини Раиси вилояти Суғд – узви ҳайат, Ато Мирхоҷа – муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – узви ҳайат, Аҳмадҷони Раҳматзод – раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон – узви ҳайат, Фарзона – Шоири халқии Тоҷикистон – узви ҳайат, Камол Насрулло – Шоири халқии Тоҷикистон – узви ҳайат, Марҳабо Олимӣ – муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – узви ҳайат, Зевар Давлатзода – муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – узви ҳайат, Раъно Бобоҷониён – муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – узви ҳайат, Матлубаи Мирзоюнус – доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷики Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» – узви ҳайат, Неъматҷон Файзуллоев – доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷики Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» – узви ҳайат, Нуралӣ Нуров – дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» – узви ҳайат.

Аз рӯи зарурат ва бо дархости ҳайати комиссияи ҳакамони даври вилоятӣ профессори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии славянии Россия ва Тоҷикистон» Холмуҳаммад Холов ҳамчун узви ҳайат ва Баҳром Мирсаидов – директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳамчун котиби ҷаласа ба кори озмун сафарбар гардиданд.

Дар охир, ҳайати ҳакамон бо назардошти омодагии хуби довталабони даври вилоятӣ дар маҷмӯъ 26 нафарро аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан (2 нафар), Истиқлол (1 нафар), Панҷакент (5 нафар), Хуҷанд (4 нафар), Бӯстон (2), Айнӣ (2 нафар), Ашт (2 нафар), Бобоҷон Ғафуров (3 нафар), Деваштич (3 нафар), Кӯҳистони Мастчоҳ (1 нафар), Мастчоҳ (1 нафар) ба даври чорум роҳхат доданд.

Довталабон аз шаҳру навоҳии Гулистон, Конибодом, Исфара, Шаҳристон, Зафаробод, Спитамен ва Ҷаббор Расулов ба даври чорум роҳ наёфтанд.

Бино ба маълумоти шифоҳии масъулони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Кӯҳистони  Мастчоҳ бинобар сабаби беморӣ Абдуллоева Гулноза – омӯзгори  фанни забон ва адабиёти тоҷики Мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Кишваршоҳ Ниёзӣ – омӯзгори фанни забон ва  адабиёти тоҷики МТМУ №27-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар даври чорум иштирок накарданд.

Дар хусуси натиҷаҳои даври вилоятии озмун дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№231(23 834) таҳти унвони «Суғд: Даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ҷамъбаст гардид» мақолаи таҳлилии А.Қаландаров ба табъ расид.

Даври чоруми озмун дар асоси мактуби ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода (16/10-280 аз 4.12.2019) ва супоришномаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарама Раҳмон Озода Эмомалӣ (16/10-280 аз 10.12.2019) рӯзҳои 11-14-уми декабри соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Аз миёни иштирокчиёни даври чорум аз вилояти Суғд донишҷӯи соли чоруми факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Сарфарозиддин Имориддинов аз номинатсияи хондану аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик ҷойи аввал (30000 сомонӣ), хонандаи синфи VII Муассисаи таълимии миёнаи умумии №34-и шаҳри Панҷакент Норова Рухшона аз номинатсияи хондану аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ҷойи дуюм (20000 сомонӣ) ва хонандаи синфи VI Гимназияи № 2-и ноҳияи Деваштич Зебунисои Азизиён аз номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ ҷойи дуюмро (17000 сомонӣ) ишғол намуданд.

Ба довталабони фаъол – хонандаи синфи VI Муассисаи таълимии миёнаи умумии №31-и шаҳри Хуҷанд Озодаи Саид ва ба хонандаи синфи IV Муассисаи таълимии миёнаи умумии №8-и шаҳри Хуҷанд Қӯзибоева Лайло аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 3000 (се ҳазор) сомонӣ туҳфаи пулӣ муқаррар шуд.

Маросими тантанавии супурдани диплом ва ҷоизаҳои пулӣ ба ғолибони даври чорум 28-уми декабри соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Дар ин маросим ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмуни мазкур, волидайни иштирокдорон ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Дар маҷмӯъ, дар сомонаи Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ www.asiri.tj матни Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Тартиби баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...», гузоришҳои мухтасар ва иттилоот оид ба натиҷаҳои тамоми давраҳо ба таври доимӣ интишор ва намоиш дода шуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» уфуқҳои нав, ҷодаҳои фарох ва равзанаҳои пур аз нуру рӯшаноиро барои баланд бардоштани маънавиёту маърифат, завқи худшиносию худогоҳӣ, рангин сохтани шавқи зебоипарстии кӯдакону наврасон, ҷавонон, боло бурдани фарҳанги китобхониву китобдӯстии намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа боз намуда, ҷиҳати устувор кардани робитаи хонандагон бо китобхона нақши таърихӣ гузошт.