Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

СУҲБАТ БО КИТОБДОРОНИ ОЯНДА ДАР МАВЗӮИ ПЕШГИРИИ ВНМО/27.11.2019

Аз он ки шурӯъ аз нимсолаи дуюми соли 2016 инҷониб баробари таъсисдиҳии толори илмӣ-таълимӣ шароити ҳаматарафа хуб барои истифодабарандагони Китобхонаи вилоятӣ фароҳам омад, китобдорони оянда – донишҷӯёни бахши китобдории факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» низ дарсҳои амалиашонро дар ин толор барпо мекунанд ва бо китобдорони шуъбаҳои хизматрасонӣ алоқаву иртиботи судманд доранд. Китобдорон ҳам ҳузури донишҷӯён – истифодабарандагонро ба инобат гирифта, ҳамроҳи онҳо чорабиниҳои муштарак доир мекунанд. Чунин ҳамкорӣ барои китобдорону донишҷӯён манфиатбахш буда, аз як тараф омили муҳими таблиғу ташвиқи китобу китобхонӣ ба шумор равад, аз сӯи дигар ба самаранок барпошавии ҷараёни дарсомӯзӣ ва таҷрибаандӯзии донишҷӯён мусоидат менамояд.  

Суҳбате, ки санаи 27-уми ноябр  дар толори илмӣ-таълимии Китобхонаи вилоятӣ бо ташаббуси кормандони шуъбаи хизматрасонӣ дар ҳамдастӣ бо донишҷӯёни бахши китобдории факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО баргузор гардид, далели равшани ин ҳамкорӣ мебошад.

Дар ин суҳбат китобдори шуъбаи хизматрасонӣ Рустамова Гулбаҳор ба донишҷӯён дар бемории ВНМО, роҳҳои пешгирӣ ва муқобилат бо он, таърихи эълоншавии Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза зидди ин беморӣ маълумот дода, онҳоро ба табодули назар дар ин бора ҷалб кард.  Аз миёни донишҷӯён  Ҳоҷиева Наргиз ва Ёрматова Шаҳноза ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда, андешаҳояшонро дар ин мавзӯъ баён доштанд. Суҳбатро устоди бахши китобдории факултети санъати донишгоҳи номбурда Нодирҷон Солиҷонов, ки дар он ҳамчун нозиру маслиҳатгар ширкат мекард, бо ибрози андешаи он ки чунин ҳамкориҳоро барои донишҷӯён беҳтарин мактаби таҷрибаомӯзӣ ҳисобида мешавад, ҳусни хотима бахшид.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ