Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД/23.11.2019

Ташкил ва баргузории озмуну мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи варзиш, фарҳангу маориф омили муҳиму таконбахш барои рушди ҷисмониву маънавии ҷомеаи демократӣ, алалхусус омили ташаккулдиҳандаи мафкураи ватандӯстонаи қишри наврасу ҷавон ба шумор рафта, барои пиёда кардани сиёсати хирадмандонаи Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меоварад.
Хушбахтии тоҷикистониён аст, ки имсол дар таърихи давлатдории навинамон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» №АП-1165, аз 09.02.2019 ба тасвиб расид. Баҳри татбиқи амалии Амри мазкур китобдорони вилояти Суғд таҳти назорату роҳбарии маъмурияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, ки сарварии онро номзади илмҳои филологӣ, адабиётшинос Баҳром Мирсаидов ба уҳда дорад, шурӯъ аз 10-уми феврал, баробари ташкили гӯшаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар китобхонаҳо, гурӯҳҳои алоҳидаеро дар ҳайати китобдорони ботаҷриба таъсис дода, мақсади ташкилу баргузории озмунро ба аҳолӣ фаҳмонданд. Дар ин самт фаъолияти ҳафт гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотии Китобхонаи вилоятӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд барои китобдорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд намунаи ибрат буд ва фаъолияти ҳар як гурӯҳ тавассути сомонаи китобхонаи мазкур (www.asiri.tj) инъикос гашт.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ бо ташкили машварати илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Таҳкими фаъолияти китобхонаҳои деҳот ва роҳҳои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ», ки 23-юми май бо иштироки директорон, мушовирону дастурдеҳон, китобшиносону китобдорони 18 шаҳру навоҳии вилоят, Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, директорони китобхонаҳо ва китобдорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бори дигар аз ташаббускориву масъулиятнокии китобдорон ва мақоми шоистаи онон ҳамчун намояндагони қишри зиёии кишвар дарак дод.
Китобдорон дар машварат бори дигар нуктаҳои меҳварии Амри Пешвои миллат, низомнома ва тартиби доир намудани озмунро бо ироаи маърӯзаҳо, намоишҳои электронӣ (слайдҳо) ва маводи тарғиботӣ ҳамаҷиҳата фаҳмонида, баъди машварат аҳолии ҳудуди хизматрасонияшонро аз аҳамияти ин озмуни таърихӣ ва моҳиятан миллӣ огоҳ карданд. Ин ҷонсӯзиву тадбирандешии китобдорон буд, ки тибқи «Тартиби баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» (супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.2019, №16/10-43 ва Протоколи ҷаласаи комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз 13.02.2019, №16/10-43 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон) озмун аз рӯйи чаҳор номинатсия дар деҳоту шаҳрак, ноҳияву шаҳрҳои вилояти Суғд дар сатҳи баланд доир гашт.

Ташаббусу талошҳои китобдоронро Раёсати фарҳанг ва маорифи вилоят, шуъбаҳои фарҳангу маорифи шаҳру ноҳия ва МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо ва вилоят ҳаматарафа дастгирӣ карда, барои ташкили намунавии озмун шароит фароҳам оварданд, ки китобдорон аз ин дастгириву ғамхорӣ самимона миннатдоранд. Бояд ёдовар шуд, ки китобдорони вилояти Суғд илова бар ин озмуни ҷумҳуриявӣ озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019”- ро низ дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилоят баргузор намуда, онро дар арафаи Рӯзи китоб санаи 3-юми сентябр ҷамъбаст карданд.

Мувофиқи иттилооти ба шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи вилоятӣ дастрасшуда санаҳои 15-29-уми июн даври аввали озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоати шаҳраку деҳот, аз санаҳои 6- 30-юми июл даври дуюми озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардид.

Ғолибони даври дуюми озмун, ки ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд, аз санаи 21-уми ноябр то 23-юми нобяр дар толори Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳузури ҳайати бонуфузи ҳакамон: Фарҳод Раҳимӣ – муовини раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик – раиси ҳайати ҳакамони даври вилоятӣ, Муҳаммадшариф Бобошоҳзода – муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – узви ҳайат, Зайнура Азимӣ – муовини Раиси вилояти Суғд – узви ҳайат, Ато Мирхоҷа – муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – узви ҳайат, Аҳмадҷони Раҳматзод – раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон – узви ҳайат, Фарзона – Шоири халқии Тоҷикистон – узви ҳайат, Камол Насрулло – Шоири халқии Тоҷикистон – узви ҳайат, Марҳабо Олимӣ – муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – узви ҳайат, Зевар Давлатзода – муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – узви ҳайат, Раъно Бобоҷониён – муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – узви ҳайат, Холмуҳаммад Холов – профессори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии славянии Россия ва Тоҷикистон” » – узви ҳайат, Матлубаи Мирзоюнус – доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷики Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» – узви ҳайат, Неъматҷон Файзуллоев – доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷики Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» – узви ҳайат, Нуралӣ Нуров – дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» – узви ҳайат барои ба даст овардани пирӯзии навбатӣ донишу маҳорати худро нишон доданд. Донишу маҳорати довталабон аз рӯи меъёрҳои шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асосӣ ва баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ ва наққолӣ, қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он, дарки дурусти мазмуну муҳтавои асар, таассурот аз хондани осор санҷида ва баҳогузорӣ карда шуд.

Тибқи қарорҳои протоколи ҷаласаи комиссияи баргузории даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» 13 нафар ғолиби озмун аз рӯйи ишғоли ҷойҳо дар чаҳор номинатсия ва Шоҳҷоиза бо мукофоти пулии МИҲД-и вилояти Суғд, ки бо Қарори Раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода таҳти №225 аз 10.05.2019 ба миқдори 111890 сомонӣ барои ташкилу баргузори даври вилоятии озмун пешбинӣ гашта буд, сарфароз гардонида шуданд.

 

ҒОЛИБОН ВА ИШТИРОКЧИЁНИ ФАЪОЛИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…»
ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД



ШОҲҶОИЗАҚурбонзода Моҳрӯ – магистранти курси дуюми Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» аз ноҳияи Ашт – 15 000 сомонӣ


 

НОМИНАТСИЯИ 1: АЗ ЁД КАРДАНУ ХОНДАНИ ОСОРИ АДИБОНИ КЛАССИКИИ ТОҶИК

Ҷойи якум – Осими Оқил – мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон» дар шаҳри Бӯстон – 10 000 сомонӣ

Ҷойи дуюм – Бобоев Ҳадятулло – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент– 7 000 сомонӣ

Ҷойи сеюм – Заҳурзода Азизахон –хонандаи синфи Х Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Боймурод Шомуродови ноҳияи Мастчоҳ– 5 000 сомонӣ

НОМИНАТСИЯИ 2: АЗ ЁД КАРДАНУ ХОНДАНИ ОСОРИ АДИБОНИ МУОСИРИ ТОҶИК

Ҷойи якум – Норова Рухшона – хонандаи синфи VII Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 шаҳри Панҷакент – 10 000 сомонӣ

Ҷойи дуюм – Ёқубов Фаридун – хонандаи синфи IХ Гимназияи №2 шаҳри Истаравшан – 7 000 сомонӣ

Ҷойи сеюм – Мамадҷонова Фарангис – хабарнигори рӯзномаи «Шуҳрати Ашт» – 5 000 сомонӣ

НОМИНАТСИЯИ 3: АЗ ЁД КАРДАНУ ХОНДАНИ АШЪОРИ БАЧАГОНА ВА АФСОНАВУ РИВОЯТҲОИ ХАЛҚӢ

Ҷойи якум – Зебунисои Азизиён – хонандаи синфи VI Гимназияи №2 ноҳияи Деваштич – 10 000 сомонӣ

Ҷойи дуюм – Қӯзибоева Лайло – хонандаи синфи IV Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 шаҳри Хуҷанд – 7 000 сомонӣ

Ҷойи сеюм – Шарофиддинова Таййибаҳ – хонандаи синфи IХ Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд» – 5 000 сомонӣ

НОМИНАТСИЯИ 4: АЗ ЁД КАРДАНУ ХОНДАНИ ОСОРИ АДАБИЁТИ ҶАҲОН

Ҷойи якум – Алибеков Асламбек – хонандаи синфи ХI Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 шаҳри Панҷакент – 10 000 сомонӣ

Ҷойи дуюм – Восидзода Манижа – донишҷӯи курси III факултети филологияи руси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» – 7 000 сомонӣ

Ҷойи сеюм –Гулнозаи Шукрулло – хонандаи синфи Х Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Айнӣ – 5 000 сомонӣ

ИШТИРОКЧИЁНИ ФАЪОЛ

Насриддинова Раъно – хонандаи синфи Х Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 шаҳри Панҷакент – Сипосномаи Раиси вилояти Суғд

Мадалиева Шоира – донишҷӯи курси I Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз ноҳияи Деваштич– Сипосномаи Раиси вилояти Суғд

Озодаи Саид – хонандаи синфи VI Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 шаҳри Хуҷанд– Сипосномаи Раиси вилояти Суғд

Муллоҷонов Меҳровар – хонандаи синфи VI Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 шаҳри Панҷакент– Сипосномаи Раиси вилояти Суғд

Абдуллоев Шаҳзод – хонандаи синфи Х Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров– Сипосномаи Раиси вилояти Суғд

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ