Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ НОҲИЯИ ВАРЗОБ/25.10.2019

Китобхонаи вилоятӣ тайи солҳои охир бо ташкили чорабиниҳои гуногун ва иштироку ғолибият дар озмунҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои фарҳангӣ мақоми хоса касб карда, китобдорону методистони ботаҷрибаи он вазифаи машварат ва дастурдиҳиро барои на ҳамаи китобдорон адо карда меоянд. Ҳамасола аз ҳар шаҳру ноҳияи вилояту ҷумҳурӣ китобдорон барои таҷрибаандӯзӣ ва мубодилаи афкор ба ин муассисаи фарҳангӣ ташриф оварда, малакаи касбияшонро дар соҳаи китобдорӣ боз ҳам баланд мебардоранд. Ҳузури кормандони соҳаи фарҳанг ва китобдорӣ аз ноҳияи Варзоб дар ҳайати Аминов Муҳаммад – мудири бахши фарҳанги ноҳия, Гулов Ғолиб – директори китобхонаи марказии ноҳия ва Амиров Фурқат – коргардони қасри фарҳанги ноҳия ба Китобхонаи вилоятӣ далели барҷастаи ин гуфта мебошад.
Меҳмононро директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов бо шуъбаҳои китобхона, махзани китобӣ ва тарзи хизматрасонии китобдорон ба хонандагон ошно намуд. Ҳамчунин зимни шиносоӣ меҳмонон роҳу усулҳои таҳияи ҷолиби намоишҳои китобӣ, ташкил додани гӯшаҳои тарғиботии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” аз китобдорони ботаҷриба пурсон шуда, бо онҳо табодули назар карданд. Шиносоии онҳо бо китобдорон ва омӯзиши тарзи хизматрасонӣ, ташкили чорабиниҳо ва роҳу усулҳои таҳияи китобу дастурҳои соҳавӣ барои меҳмонон ҷолибу самарабахш буд. Дар фароварди ошноиву коромӯзӣ китобҳои тозанашри адибони классику муосири тоҷик ва дастурҳои методии соҳавии аз ҷониби кормандони Китобхонаи вилоятӣ таҳияшударо директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов ба расми ҳадя ба меҳмонон тақдим намуд.

Сафари таҷрибагириву бозомӯзӣ барои намояндагони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Варзоб далели ҳамкориву робитаҳои китобдорону фарҳангиёни кишвар ба шумор рафта, роҳандозии чунин сафарҳои хизматии мақсаднок ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи соҳаи китобдорӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ