Пажўҳишгарони рус, аз ҷумла, Кун А.Л., Наливкин В.П., Гертнер А., Гребенкин А.Д., Буняковский А.К. ин маъниро таъкид кардаанд, ки қадимтарин аҳолии бумии Фарғона тоҷикон мебошанд. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... –Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 29

ТАРҒИБИ КИТОБ ВА ТАШРИФИ ДОНИШҶӮЁН БА КИТОБХОНА/23.10.2019

Тарғиби китоб дар муассисаҳои таълимӣ беҳтарин воситаи ошно намудани толибилмон ба китобҳои бадеӣ, илмӣ ва таълимӣ буда, як василаи писандидаи ҷалби бештари хонандагон ба китобу китобхонӣ мебошад. Китобдорону китобшиносони Китобхонаи вилоятӣ ин тарзи хизматрасониро чун анъана ба кор бурда, истифодабарандагонро бо  сарчашмаҳои дониш ошно месозанд.

Бо ин мақсад санаи 23-юми октябр кормандони толори хониши китобхона ба факултети математикаи МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ташриф оварда, китобҳои барои донишҷӯён заруриро муаррифӣ намуда, мутолиаи китобҳои дигарро тавсия доданд.

Натиҷаи тарғиботи китобдорон буд, ки донишҷӯёни муассисаи номбурда бо роҳбарии устоди кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Турабоева Дилобар ба китобхона ташриф оварда, бо тарзи хизматрасонӣ дар толори хониш шинос шуданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ