Ин ҳақиқат аст, ки тоҷикон дар миёни қавмҳои Осиёи Марказӣ қавме комилан соҳибреша буда, аҷдоди қадимтарини ҷамъияти бумии он мебошанд. А.А. Семенов. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.67

МЕҲРГОН ИДИ ДЕҲҚОН ВА РАМЗИ ФАРОВОНИСТ/15.10.2019

Кормандони китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ чун дигар самтҳои фаъолият барои тарғиби адабиёти соҳаҳои маърифату фарҳанг ва кишоварзӣ кӯшиш ба харҷ дода, баҳри хубтару дар сатҳи матлуб дастраси хонанда намудани китобҳои соҳа талош меварзанд. Китобдорони шуъбаҳои техникӣ-кишоварзӣ ва хизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ аз рӯи нақшаи кориашон бо устодону донишҷӯёни МДТ “Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ” бахшида ба Рӯзи кишоварзон ва Ҷашни бузурги Меҳргон дар мавзӯъҳои «Кишоварзони диёри шӯҳратёр» ва «Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист» суҳбат доир намуданд. Дар оғози чорабинӣ номзади илмҳои кишоварзӣ Наим Рашидов доир ба расонандаи пайки некӣ ва хуррамӣ будани Иди Меҳргон сухан ронда, ҳозиринро ба ин муносибат табрик гуфт. Корманди шуъбаи хизматрасонӣ Норматова Зуҳро маърӯзаи ба таърихи Иди Меҳргон омодакардаашро ба самъи ҳозирин расонид.

Дар идома китобҳое, ки дар махзани шуъбаи техникӣ-кишоварзӣ маҳфуз аст, аз љониби китобдор Ҷабборова Мавзуна муаррифӣ гардид.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ