Замоне буд, ки тоҷикон дар рушди рӯзгору фарҳанги халқҳои бошқирду тотор саҳми азим доштанд. Ҳасанбой Шарифов. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.175

Маҳфили навбатии “Дӯстдорони китоб”/15.10.2019

Кормандони толори кӯдакону наврасон ва шуъбаи китобҳои хориҷии Китобхонаи вилоятӣ баҳри таҷлили 205-солагии адиби барҷастаи рус М.Ю.Лермонтов бо толибилмони муассисаи таълимии Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил маҳфили навбатии “Дӯстдорони китоб”-ро доир намуданд.

Дар толори кӯдакон ва наврасон намоиши китобии фарогири осори адиби дар боло ёдшуда пешкаши иштирокдорон гардид.

Сардори шуъбаи китобҳои хориҷӣ Амонова Муҳаббат маҳфилро ифтитоҳ намуда, маърӯзаеро таҳти унвони «Шоири лирик» ба самъи ҳозирин расонид. Дар идома слайдеро, ки инъикоскунандаи ҳаёт ва фаъолияти шоир буд, ба хонандагон пешкаш шуд.

Сардори толори кӯдакон ва наврасон Собирова Дилрабо дар мавриди мероси адабии шоир ва китобу маҷмӯаҳои ӯ, ки дар китобхона маҳфузанд, иттилоъ дод.

Хонандагони синфи 9-уми муассисаи номбурда аз ашъори М.Ю. Лермонтов шеърҳо қироат намуданд. Омӯзгори фанни адабиёти руси муассисаи мазкур Муяссара Оқилова доир ба паҳлӯҳои шеъри ин адиби бузурги ҷаҳонӣ андешаҳояшро баён намуда, дар фарҷом барои ташкили чунин чорабинӣ ва иртиботи қавӣ бо муассисаҳои таълимӣ аз кормандони китобхона изҳори қаноатмандӣ намуд.

Мавзуна Ҳамробоева – муовини директори Китобхонаи вилоятӣ нақши М.Ю.Лермонтовро дар ғановати адабиёти ҷаҳон бисёр бузург  шуморида, сурудаҳои ӯро намунаҳои олии суханварӣ унвон кард.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ