Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

ҲАДЯ АЗ КИТОБХОНАИ ХОНАВОДАГИИ МУЗАФФАРОВҲО / 20. 09.2019

Китоб ва ҷомеа:

Аз рӯйи таъкиди Суқрот: “Ҷомеа ҳамон вақт ба фарзонагиву саодат мерасад, ки мутолиаи китоб кори рӯзонааш бошад”. Яъне ҷомеа, ки аз афрод иборат аст, фақат аз роҳи китобхонаву китобхонӣ метавонад ба авҷи рушди маънавӣ ва хушбахтии моддӣ бирасад. Аз ин рӯ, ниёгонамон, ки дар замони худ соҳиби обрӯю эътибор будаанд, сарчашмаи одобу донишро дар китобхонӣ дида, умре бо китоб сару кор доштаанд ва ин анъанаи неки фарҳангиро аз насл ба насл интиқол додаанд.  Хушбахтона, дар замони мо низ пасовандони чунин ниёгони пурифтихор бо китобдӯстиву китобхонӣ ва китобхонадорӣ шуҳрат ёфта, расми падарону бобоёни донишманди худро идома дода истодаанд. Яке аз чунин хонаводаҳои фарҳангдӯсту зиёӣ оилаи Музаффаровҳо мебошад. Дар бораи чигунагии муҳаббату муносибати ин оила бо китобу фарҳанг мо аз рафтору кирдори намунаи ибрати иқтисоддон, ҳуқуқшинос ва рӯзноманигор Музаффарова Дилбархон Бақоевна, ки зода ва парвардаи ҳамин хонаводаанд, метавонем натиҷагирӣ намоем.

Китобкашонии ғайримуқаррарӣ:

Мо − ду нафар тибқи муроҷиати ин бонуи пуркору серҳаракат ва супориши маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ барои овардани китобҳои ҳадяшуда сафарбар шудем ва шоҳиди муҳаббати китобхони ҳақиқӣ ба китобу китобдорӣ гаштем. Чашмамон ба бастаҳои селофании китобҳо афтод, ки рӯйи хоначаи саҳнаш аз сатҳи замин баланд рах зада буданд. Китобҳо аз рӯйи мазмуну мундариҷа эҳтиёткорона дар бастаҳои алоҳида гирифта шуда, ҳар як баста бо рақам аз якдигар фарқ мекарданд. Вақте мо китобҳоро аз хонача ба мошин мекашондем, муаллима ба мо гоҳе бо ҷиддият, гоҳе бо меҳрубонӣ мефаҳмонданд, ки дар кашондани китобҳо эҳтиёт бошем, наафтонем, рӯйи замин намонем, дар қафои мошин аз рӯйи рақамҳо ҷобаҷо гузорем. Аз ин тарзи суҳбату муомила дарк кардем, ки соҳиби китобҳо дар ҳақиқат одами китобдӯсту хайрхоҳи истифодабарандагони Китобхонаи вилоятианд. Зеро ба қадри китоб касе мерасад, ки китоб хонда бошад, арзиши китобу китобхониро донад, зода ва парвардаи оилаи китобдору зиёӣ бошад.

Хонаводаи китобдӯсту китобдор ва санъатвар:

Ин ҳақиқатро маълумоте, ки худи муаллима кӯтоҳ дар бораи хонаводаашон доданд, тасдиқ мекунад. Хонаводаи онҳо ҳам аз тарафи падар ва ҳам аз тарафи модар аҳли илму маърифат ва одамони донишманду соҳибмартабаи замони зиндагияшон будаанд.

Музаффарова Дилбархон, ки бобою бобокалонашон хатмкардагони мадрасаҳои Бухорову Самарқанд будаанд, дар оилаи Музаффаров Бақохон – муаллими химияю биология ва Ахмедова Назокатхон муаллимаи математикаю алгебра ба дунё омада, дар иҳотаи бародарони донишманду соҳибтахассус Музаффаров Искандархон Бақоевич – хатмкарда бо дипломи сурхи Донишкадаи молшиносии шаҳри Самарқанд, сармутахассиси идораи савдо, Музаффаров Баҳоваддинхон Бақоевич – рассому наққош ва Музаффарова Гавҳархон – табиби соҳибқаламу соҳибтаҷриба ба камол расидаанд.

 Бобои падарашон Ҳоҷӣ Аҳмадхӯҷа, ки вазифаи қозигиро адо мекардаанд, аз оилаи қозиён ва афроди шинохтаи шаҳри Хуҷанд ба шумор мерафтаанд. Ҳоҷӣ Аҳмадхӯҷа аз охирин қозиёни шаҳри Хуҷанд будаанд, ки эшонро бино бар адлу инсоф мардуми шаҳр Қозӣ-Аҳмадхӯҷаи Хоксор мегуфтанд.

Бобои модариашон Ҳоҷӣ Саййид Сиддиқ Эшонхӯҷа, ки аз инсонҳои фарҳангпарвар ва доро будаанд, қурбони сиёсати давраи табаддулот шуданд. То дами марг дар хонаашон бо ёру ошно ва дӯстдорони каломи ноби классикӣ мисли “Маснавии маънавӣ”, “Бӯстон”-у “Гулистон”-и Саъдӣ, девонҳои Ҳофизу Бедил ва Қуръони шариф маҳфилҳо барпо мекарданд. Баъди даргузашти Ҳоҷӣ Сиддиқи Эшонхӯҷа ва писаронашон дар хона завҷаи оқилаи он кас Саййид Офтобхон бо духтарон мемонанд. Аз бими он ки бар сари онҳо ҳам “бало” наояд, маҷбур мешаванд, ки китобҳои китобхонаашонро халта-халта бароварда ба дарёи Сир партоянд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама маҳдудиятҳои сиёсӣ ва тангии шароит дар ҳавлӣ бо духтаронашон, аз ҷумла Рафоатхон (бибии модарии Дилбархон Музафаррова) худашон маҳфилҳо барпо мекунанд, анъанаи неки мардони соҳибфарҳангро ҳифз менамоянд.

Ҳамсари Бақохон – Назокатхон, ки ду писар ва ду духтарро тарбия намуда, калон карда, ба камолот расондаанд, дар чунин оилаи зиёии мутамаддину мутаддаййин ба дунё омада, шунавандаи нақли ҳикоят аз азамату шукӯҳи маҳфилҳои фарҳангию маънавӣ, саҳнаи ба дарё партофтани китобҳои нодир шудаанд. Бақохон, ки табитан инсони хоксору оромтабиат буданд, ба адабиёту санъат баробар ишқу алоқа доштанд. Ба рассомӣ майли беандоза нишон медоданд. Ин ҳунари он касро ҳамаи фарзандонашон ба мерос гирифтаанд.

Чаҳор фарзанди хонаводаи Музаффаровҳо ҳама ба китобу маънавият пайванди ногусастанӣ доранд. Бақохону Назокатхон фарзандҳояшонро агар насиҳат мекарданд, гапи зиёд намегуфтанд, бо қироати як байт ё як қитъа аз шоирони классик суханро кӯтоҳ менамуданд. Тарбияву талқини падару модари омӯзгор буд, ки чор фарзанди оила, ҳама ба қуллаҳои баланди худшиносӣ расида, дар ҷомеа ҳамчун фарди барҷаста дорои мақоми хос гарданд.

Искандархон, ки алҳол дар Русия кору зиндагӣ доранд, даврони иқомату фаъолият дар шаҳри Хуҷанд аз хонандагони пешқадами Китобхонаи вилоятӣ ба ҳисоб мерафтанд ва дар солҳои 1980-1995 ҳамчун Хонандаи доимӣ ва беҳтарини Китобхонаи вилоятӣ эътироф гардида буданд. Новобаста аз соҳаи худ ба мутолиаи китобҳои соҳаи дигар низ шавқу рағбат доштанд. Ҳафтае даҳ-понздаҳ китоб  барои мутолиа мегирифтанд. Баробари расмкашӣ созҳои миллӣ ва аврупоӣ менавохтанд, дар атрофи худ ёрону ҳаводорони китобу санъатро гирд меоварданд. Ҳунару санъат барои тафреҳи рӯҳи ташнаи маънавияташон хизмат кард, на барои худнамоӣ. Ҳатто ба забони русӣ шеър менавиштанд, аммо ба нашрияе набурдаанд.

Бародари дигарашон Баҳоваддинхон, ки рассоманд, на фақат ба мутолиаи китобҳои соҳаи рассомӣ, балки ба шеъру ғазал ва ҳифзи шеъри шоирони классику муосир дилбастагии зиёд доранд. Нақши дасти ин рассому наққош дар ороишу зеббахшии сақфу девори хонаҳои мардум дар 25 соли охири садаи ХХ ба мушоҳида мерасид. Яъне он кас “дизайнер”-и даврони худ ба ҳисоб мерафтанд. Илова, бар ин бо рубоб ашъори шоирони классику муосир, аз он ҷумла шеърҳои Рӯдакӣ ва Лоиқро ба оҳанг дароварда, барои худ ва наздикон замзама мекарданд. Орзу доштанд, ки хонда ҳавонавард шаванд, аммо баъди имтиҳонсупорӣ модарашон розӣ нашудаанд, ки фарзандашон сарнишини ҳавопаймоҳои ҷангӣ шавад.

Гавҳархон, ки аз давраи мактабӣ ба навиштани тарона, хабару жанрҳои публисистӣ рағбати беандоза доштанду навиштаҳояшонро дар матбуот ба чоп мерасид, бо амри тақдир соҳиби маълумоти олии тиббӣ шуда, дар ҳифзи саломатии мардуми кишвар, хусусан ҳарбиён саҳми арзанда гузоштанд. Он кас дар мактаб бо баҳои аъло мехонданд ва аз ин рӯ, барояшон муяссар шуд, ки дар Ӯрдугоҳи умумиитифоқии ҷавонон – “Артек” дар Қрим истироҳат намоянд. Гавҳархон мактаби миёнаи №11-ро бо медали тилло ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо дипломи сурх хатм кардаанд. Донишу таҷрибаи ҳаматарафа ба он кас имкон дод, ки дар Госпитали ҳарбии назди ВКД Тоҷикистон ҳамчун табиб фаъолияташонро оғоз карда, то ба рутбаи полквоникӣ ва иҷрои вазифаи сардухтурии ҳамин госпитал сазовор шаванд.

Дилбархон имрӯз аз бонувони фаъолаи шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ ба шумор рафта, донишу таҷрибаи кофӣ дар соҳаи худ доранд ва барои баланд бардоштаи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон талош меварзанд. Ин бону соҳиби маълумотҳои олии иқтисодӣ ва ҳуқуқ буда, дар ҳукумати вилояти Суғд, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳамчун иқтисоддону ҳуқуқшинос фаъолияти пурсамар бурда, баробари ин аз рӯйи завқ ва зарурати тахассусӣ ба соҳаи журналистика ва сохтани филми ҳуҷҷатӣ-омӯзишӣ низ машғул шудаанд. Баъди ширкат дар Конференсияи байналмилалии “Пешгирии хушунати зидди занон” дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон (1998) тибқи тасмими ҷиддӣ соли 1999 дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти чеҳраи шинохтаи варзиши тоҷик, камонвар Зебунисо Рустамова бо забони тоҷикӣ филми ҳуҷҷатие бо номи “Гурдофариди қарни ХХ” таҳия намуданд, то аз баландии мавқеи зани тоҷик дар ҷомеа барои духтарону бонувон хабар расонанд. Силсилабарномаи муаллифии “Модар”, ки баҳри тарбияи духтарон нигаронида шуда буд, бори аввал аз тарафи Дилбархон Музаффарова дар телевизионҳои маҳаллӣ пешкаши аҳолӣ гардид.

 Саҳми ин донандаи илму иқтисоду ҳуқуқ дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун андозсупоранда расо зиёд аст. Ин бону бо талошҳои пайвастаю самарабахш Асотсиатсияи андозсупорандагони вилояти Суғд – “SOGDIANA”-ро таъсис дод, ки дар доираи барномаҳои махсуси он бо ҳамкорӣ ва дастгирии Раёсати андози вилояти Суғд силсилафилмҳои муаллифии “Мы и налоги” (“Мо ва андоз”) барои аҳолии вилоят дар мавзӯи андоз ва андозбандӣ саривақт таҳия ва паҳн карда шуд.

Ташкили барномаи муаллифии “Мы и налоги” (“Мо ва андоз”) ва ҳамчун журналист бо забони русӣ бурдани он яке аз корҳои самарабахшу намоёнашон мебошад. Ин барномаи ҳуқуқӣ-маърифатӣ, иқтисодӣ, ки намоиши он дар телевизиони вилоятӣ ва маҳаллии вилояти  Суғд тӯли 14 сол (2001-2015) идома ёфт, саҳифаҳои  мизи мудаввар, рейди телевизионӣ, конференсияи матбуотӣ, шӯрои машваратии соҳаи андоз тибқи дархости тамошобинон ба забони тоҷикӣ низ намоиш дода мешуд. Маҳз дар ҳамин барнома андоз аз дидгоҳи дини Ислом бори аввал баррасӣ гашт ва зарурати андозсупории шаҳрвандон таъкид шуд.

Ин ҳама дастоварду хизматҳои арзанда ба халқу Ватан натиҷаи тарбияи солими хонаводагӣ ва муносибати ҷиддӣ бо китобу китобхонӣ аст.

Хонаводаи Музаффаровҳо бар замми ин ки аз китобхонаҳо истифода мебурданд, худашон дар алоҳидагӣ китоб мехариданд ва китобхонаи шахсии худро доштанд.

 “Усул”-и нави бастабандӣ ва ҳайрати китобдорон:

Бастаҳои китобҳоро ба китобхона овардем, китобдоронро “усул”-и нави бастабандӣ ва ҷобаҷогузории китобҳо ба ҳайрат овард. Онҳо чунин дастабандӣ ва бастабандии китобҳоро бори аввал мушоҳида мекарданд. Зеро аз ин пеш китобҳои ҳадяшуда бо чунин “усул”  ба китобхона ворид намешуданд. Ин ҳама резакориҳо далели муҳаббат ба китобу китобдорӣ аст ва ба Китобхонаи вилоятӣ ҳадя кардани китобҳо аз дурандешӣ ва хайрхоҳии инсони фарзона дарак медиҳад.

Меъёрии дастабандии китобҳоро худи Дилбархон муқаррар кардаанд. Китобҳои соҳаи рассомиро ба 18 бахш ҷудо карда, китоби асарҳои наққошии Осорхонаи Ленинград, Нигорхонаи давлатии ба номи Третяковский ва осорхонаи машҳури собиқ ИҶШС-ро алоҳида-алоҳида феҳрист сохтаанд. Феҳристнависӣ ва дастабандии китобҳои дигарро аз рӯйи муаллифу жанр ва ҷилд иҷро карданд. Масалан, китобҳои русии “Повестҳои фалсафї”-и Волтер дар бастаи рақами IV, “Повестҳо”, “Мунтахаби осор”-и Генрих Гейне дар бастаи рақамиIХ, “Асарҳои мунтахаб”, “Равоншиносии нохудогоҳ”-и Зигмунд Фрейд дар бастаи рақами ХХ, “Равоншиносӣ ва саломатӣ” омадаанд.

Маҷмӯан аз китобхонаи хонаводагиии Музаффаровҳо қариб 700 нусха китоби наққошӣ, маҷаллаи рассомон, асарҳои бадеӣ ва соҳаҳои гуногун ба забонҳои тоҷикиву русӣ ройгон ба Китобхонаи вилоятӣ ҳадя гардид, ки рӯзҳои наздик баъди мавриди коркарди китобшиносӣ қарор гирифтан ба шуъбаҳои хизматрасонӣ тақсим карда мешаванд.

Маъмурияти китобхонаи вилоятӣ аз номи ҳамаи китобдорон ва истифодабарандагон барои чунин иқдоми наҷиби инсондӯстона ба Музаффарова Дилбархон ва дар шахси ин бонуи донишманд ба тамоми хонаводаи Музафарровҳо изҳори миннатдорӣ баён мекунад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ