СУЛТОНИ СУХАНВАРОН/20.09.2019
Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо каломи нобу шевову рангин ва мероси бузурги адабиаш чун саромади суханварон шинохта шуда, аз ҷониби аҳли назар сурудаҳои ӯ намунаи олии нигориши баён эътироф гардидааст. Мероси адабии ин қофиласолори назми дарӣ танҳо дар доираи муайяни мавзӯӣ маҳдуд нагашта, ҳама гуна марзу ҳудудҳоро убур кардааст, то ба имрӯзиён паёми инсонгароиро бирасонад.
Боиси ифтихормандӣ аст, ки ин шахсияти машҳури ҷаҳонӣ зодаву парвардаи марзи куҳанбунёди мост ва ҳамасола 22-юми сентябр дар саросари кишвари азизамон ҳамчун Рӯзи гиромидошти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ қайд мегардад. Тантанавии навбатии ин рӯзи шеъру инсонгароӣ дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Султони суханварон” баргузор гардид. Дар долони васеи китобхона намоиши китобӣ-матбуотӣ бо фарогирии мероси бузурги устод Рӯдакӣ ва асару мақолаҳои илмиву оммавии ба ҷанбаҳои гуногуни шеъри ин шоири ширингуфтор бахшидашуда ташкил ва ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар конфронс мудири шуъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ Тоҷибой Султонзда, рӯзноманигор, иқтисодчӣ ва ҳуқуқшинос Дилбархон Музаффарова, мудири кафедраи адабиёти муосири МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дотсент Субҳони Аъзамзод, дотсенти кафедраи адабиёти классикии донишгоҳи номбурда Нуралӣ Нуров, директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Баҳром Раҳматов, устодон ва донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷики МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва кормандони Китобхонаи вилоятӣ иштирок доштанд.
Директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дотсент Баҳром Мирсаидов ҳозиринро ба китобхона хайрамақдам гуфта, аз номи ҷомеи меҳнатии китобхона Рӯзи Рӯдакиро ба иштирокдорони чорабинӣ муборакбод гуфт.
Мудири шуъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати гиромидошти хотираи устод Рӯдакӣ ба самъи ҳозирин расонид.
Дилбархон Музаффарова аз китобхонаи шахсии оилавиашон зиёда аз 665 нусха китоби гуногунсоҳаро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ба Китобхонаи вилоятӣ тақдим намуда, зимни суҳбат иброз дошт, ки мехоҳам насли наврасу ҷавони тоҷик – ворисони ҳақиқии Рӯдакии бузург аз ин китобҳо баҳра гиранд. Аз ин иқдоми неки оилаи Музаффаровҳо ҷомеаи меҳнатии китобхона ва аҳли назар изҳори хушнудӣ намуданд. Дар бораи ин хонаводаи зиёӣ корманди Китобхонаи вилоятӣ Шодӣ Шарифниё маърӯзаеро таҳти унвони “Хонадони фарҳангӣ”, ки ба гузаштаву имрӯзаи ибратомӯзи оилаи Музаффаровҳо бахшида шуда буд, ироа кард.
Мудири кафедраи адабиёти муосири тољики МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Субҳони Аъзамзод гузориши илмиеро дар мавриди рӯдакишиносии муосири тоҷик дар нимсолаи аввали садаи ХХ ироа намуда, аз таҳқиқоти аллома Садриддин Айнӣ, ки оғози рӯдакишиносӣ ба номи ин Қарҳрмони Тоҷикистон пайванд дорад, бештар ёдовар шуд.
Докторанти кафедраи забони тоҷикии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" – Ноил Мирзозода дар бораи куҳанвожаҳои ашъори бозмондаи Рӯдакӣ маърӯзаи илмӣ кард ва таърихи таҳаввули чанде аз вожаҳои тоҷикиро дар заминаи тадқиқоти суғдшинос А.Л. Хромов ва профессор Абдуҷамол Ҳасанзода бозгӯ кард.
Дар ҷараёни чорабинӣ донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик аз осори Рӯдакӣ ашъори ҳифзнамудаашонро қироат намуда, вориси арзандаи забону адабиёти миллӣ буданашонро ба субут расонданд.
Ҳамчунин аз тарафи китобшинос Қаюмова Манзура китобҳои марбут ба Рӯдакӣ, ки дар махзани китобии Китобхонаи вилоятӣ нигоҳдорӣ мешаванд, барои иштирокчиён муаррифӣ гардид.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ