СИПОСНОМАИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ШАҲРИ ХУҶАНД БА ДИРЕКТОРИ КИТОБХОНА/13.09.2019
Китобхонаҳо дар ҳама даврони таърихӣ на фақат хазинаи донишу илм, балки ҷойи ҳамоиши аҳли илму адаб ва фарҳангу санъат ба шумор мерафтаанд. Китобдорон дар ин самт ҳамчун як миёнарав байни қишрҳои гуногуни ҷомеа фазои маънавие барои ҳамоишу ҳамдигарфаҳмӣ фароҳам меовардаанд. Китобхонаи вилоятӣ, ки яке аз чунин марказњои фарҳангӣ мебошад, ки дар ҷодаи хизматрасонии китобӣ байни дигар муассисаҳои давлатӣ ҷойгоҳи хос дорад. Ҷомеаи меҳнатии он баробари тарғиби китобу китобхонӣ ва ҷалби толибилмон ба мутолиаи китоб, зимнан дар раванди ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои барои тамоми қишрҳои ҷомеа муҳим бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият намуда меоянд. Нақши ҷомеаи меҳнатии китобхонаро дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифатнокии мардум масъулини сохторҳову мақомоти гуногун борҳо эътироф кардаву расман бо Сипосномаву Ифтихорномаҳо қадрдонӣ намудаанд.
Ин навбат кормандони Китобхонаи вилоятӣ баҳри ҳамкории судманд ҷиҳати ташкили намоишҳои китобӣ, инчунин ғановатбахшии махзани китобии китобхонаи назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи ин мақоми тартиботи ҷомеа қадршиносӣ гардиданд.
Муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд подполковники милитсия Қодиров Илҳомҷон ба Китобхонаи вилоятӣ ташриф оварда, Сипосномаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро ба унвони директори Китобхона Мирсаидов Баҳром аз номи сардори шуъба полковники милитсия Бурҳониён Олимҷон тақдим намуд.
Ин арҷгузории расмӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки китобдорон таҳти роҳбарии директор Мирсаидов Баҳром доираи ҳамкориашонро вусъат бахшида, бо масъулини тартиботу низоми ҷамъиятӣ низ робитаи хуб доранд. Ин робитаҳои судманд барои таҳкимбахшии сулҳу ваҳдат дар кишвар ва ҳамдигарфаҳмиву ҳусни тафоҳум дар ҷомеа байни намояндагони қишрҳои мухталифи он мусоидат менамояд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ