Тоҷикон дар садаҳои VII-XI тамаддуни бузургеро офаридаанд, ки бо номи Renessansi Tojik шуҳрат ёфтааст. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 42

ШОИРИ БУЗУРГИ СУҒДЗАМИН/13.09.2019

Шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодири Китобхонаи вилоятӣ дорои махзани бузурги илмиву сарчашмаҳои нодир мебошад, ки давоми чандин сол хонандагонро бо маводи зарурӣ ва камёфт таъмин карда меояд. Масъулини шуъба танҳо ба хизматрасонии китобӣ маҳдуд нагашта, зимнан ба ташкилу баргузории чорабиниҳои гуногун дар болоравии маънавиёти ҷомеа ҳиссагузорӣ карда истодаанд. Ҳамкорӣ бо муассисаҳои гуногун, аз ҷумла марказҳои бузурги илмию таълимӣ яке аз самтҳои фаъолияти шуъбаро ташкил медиҳад.

Бо мақсади ҳамкорӣ бо устодону донишҷӯёни МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”  кормандони шуъба як гурӯҳ донишҷӯёни соли аввали факултаи филологияи тоҷики донишгоҳи номбурдаро даъват намуда, бахшида ба бузургдошти шоири ориф ва ғазалсарои машҳур Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони “Шоири бузурги Суғдзамин” суҳбат ташкил намуданд.

Саркитобдори шуъба Оқилҷонова Мунира донишҷӯёнро ба фаъолияти кормандон ва тарзи хизматрасонӣ дар шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир ошно намуда, чанде аз сарчашмаҳои нодири барои онҳо муҳим ва рӯимизиро муаррифӣ намуд. Дар идома китобдори дараҷаи якуми ҳамин шуъба Абдуллоева Нигора доир ба баъзе ҷанбаҳои ғазалиёти Хоҷа Камол гузориши мухтасар ироа карда, хулосаи китобшиносиии фарогири осори Камоли Хуҷандиро пешкаши ҳозирин гардонид.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ