Замоне буд, ки тоҷикон дар рушди рӯзгору фарҳанги халқҳои бошқирду тотор саҳми азим доштанд. Ҳасанбой Шарифов. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.175

РӮЗИ КИТОБ ДАР БОҒИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ/04.09.2019

Ба муносибати Рӯзи китоб дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз тарафи Китобхонаи вилоятӣ, МДТ “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ“, нашриёту матбааҳои донишкадаву донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд намоиши кушоди китобӣ ва маҳсули эҷоди донишҷӯён ташкил карда шуд. Ба китобу маводи ин намоиш аҳолӣ ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд, хусусан донишҷӯён, ки ташнаи илму донишанд, бештар мароқ зоҳир карда, бо китобдорон ва масъулони намоиш суҳбат намуда, барои худ маълумоти лозим ба даст оварданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ