Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

РӮЗИ КИТОБ ДАР КИТОБХОНА-ФИЛИАЛҲО/04.09.2019

Рӯзи китобро китобдорони китобхона-филиалҳои шаҳри Хуҷанд бо ташкили чорабиниҳои муштарак ҳамроҳи омӯзгорону хонандагон ва устодону муҳассилин пешвоз гирифтанд.

Чорабиние бо ташаббуси китобхона-филиали№1 таҳти унвони “Китоб равшангари дилҳост” гузаронида шуд, ки дар он барои иштирокчиён китобдорони китобхона-филиали№1 Ҳайдарова Замира ва Холиқова Адибахон, китобдори муассисаи таълимӣ Ғафурова Кибриёхон маърӯза ироа намуданд.

Чунин чорабинии тантанавиро дар толори Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд китобдорони китобхона-филиали №5, дар саҳни МТМУ№23 китобдорони китобхона-филиали №6 ва дигар китобхона-филиалҳо ташкил ва баргузор карданд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ китобҳои тозаворид ба намоиш гузошта шуданд.

Китобдорон барои хонандагони доимӣ, ки дар чорабинӣ ширкати фаъол доштанд, сипосномаву туҳфаҳои ҳавасмандсозӣ супурданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ