ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «БЕҲТАРИН ХОНАНДАИ КИТОБҲОИ БАДЕӢ ДАР СОЛИ 2019»/3.09.2019
Даври ниҳоии озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019» бо иштироки фаъолтарин хонандагону донишҷӯёни шаҳру навоҳии вилоят дар арафаи Рӯзи китоб баргузор шуд. Ёдовар бояд шуд, ки ин озмуни вилоятӣ тибқи қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 27.02.2019, №84 доир карда шуд. Озмунро Шоири халқии Тоҷикистон – Аҳмадҷон Раҳматзод, ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор – Шарифзода Мумин Машокир, директори МД Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ – Баҳроми Раҳматзод, директори МДТ «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд» – Набизода Мадина Раҳмат бо раисии шоиру муҳаққиқ – Нуралӣ Нурзод доварӣ карданд.
Аз рӯйи натиҷагириҳо дар бахши донишҷӯён аз ноҳияи Ашт магистранти соли аввали МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” – Қурбонзода Моҳрӯ Қурбон бо 50 хол сазовори ҷойи аввал, аз шаҳри Хуҷанд донишҷӯи соли сеюми таҳсили факултаи филологияи тоҷики МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” – Муллобоева Зебохон Назирҷоновна бо 49 хол шоистаи ҷойи дуюм, аз шаҳри Хуҷанд донишҷӯи соли дуюми таҳсили факултаи филологияи руси МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” – Воситзода Манижа бо 48 хол арзандаи ҷойи сеюм дониста шуданд.
Барои ширкати намунавӣ аз рӯйи холҳои бадастовардаашон аз шаҳри Хуҷанд донишҷӯи соли сеюми хониши факултети сиёсатшиносии МДТ “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон”– Ҳоҷиева Дилфуза Мирзоевна бо 46 хол, аз шаҳри Хуҷанд донишҷӯи соли дуюми таҳсили факултети ҳуқуқшиносии МДТ “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” – Ҳидоятова Манижа Хайруллоевна бо 45 хол, аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров донишҷӯи соли дуюми таҳсили бахши рӯзноманигории факултети филологияи тоҷикии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” – Вайдуллоева Аниса Баҳодуровна бо 44 хол иштирокчиёни фаъоли бахши донишҷӯёни озмун эътироф шуданд.
Дар бахши бахши хонандагони озмун намоянда аз Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ – хонандаи синфи 11 МТМУ№10 шаҳри Хуҷанд Шарифова Фирӯза Шарифмуродовна бо 49 хол ҷойи аввалро, аз шаҳри Панҷакент хонандаи синфи 6 МТМУ№34 Норова Рухшона Асроровна бо 48 хол ҷойи дуюмро, аз шаҳри Бӯстон хонандаи синфи 9 МТМУ №3 Худойназарова Фарзона Амриддиновна бо 47 хол ҷойи сеюмро ишғол кард.
Хонандаи синфи 5 Гимназияи №2 ноҳияи Деваштич Зебунисои Азизиён бо 46 хол, хонандаи синфи 8 МТМУ №7 шаҳри Исфара Набиева Нозанин бо 46 хол, хонандаи синфи 10 МТМУ №33 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуллоев Шаҳзод бо 45 хол иштирокчиёни фаъоли озмун шинохта шуданд.
Дар бахшҳои хонандагону донишҷӯён баробар бо диплому сипосномаҳо ҳар як соҳиби ҷойи аввал 2000 сомонӣ, ҳар як соҳиби ҷойи дуюм 1500 сомонӣ, ҳар як соҳиби ҷойи сеюм 1000 сомонӣ ва ҳар як иштирокчии фаъоли озмун 500 сомонӣ мукофотпулӣ хоҳанд гирифт.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ