Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

НУСРАТБАХШИ МАОРИФИ КИШВАР/1.09.2019

Китобдори китобхона-филиали №4 Ҷӯраева Умеда барои хонандагони МТМУ №3 ба номи Маҳастии шаҳри Хуҷанд “Нусратбахши маорифи кишвар” ном намоиши китобиеро дар Рӯзи дониш ташкил карда, дар китобҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро  ба маърази тамошо гузошт. Пеш аз оғоз ва баъд аз тантанаи Рӯзи дониш хонандагон ва омӯзгорон бо маводи намоиш шинос шуданд.

Чунин намоишро китобдори дараҷаи 1 китобхона-филиали №1 Ҳайдарова Замира дар МТМУ№22 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд барои хонандагон ва омӯзгорон ташкил намуд. Мақсад аз ташкили чунин намоишҳои китобӣ дар муассисаҳои таълимӣ шиносонидани насли наврас бо заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди маориф ва соҳаҳои дигари кишвар мебошад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ