ДОНИШ САРМОЯИ ЗИНДАГОНИСТ/30.08.2019
Китобдорони шуъбаи матбуоти даврӣ ба муносибати Рӯзи дониш дар даромадгоҳи шуъба намоиши матбуотӣ таҳти сарлавҳаи «Дониш сармояи зиндагонист» ташкил карда, дар он рӯзномаву маҷаллаҳои шомили мақолаҳои ин мавзӯъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Чун ҳамасола дар оғози Рӯзи дониш аз тарафи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ” баргузор мегардад, китобдорон кӯшиш ба харҷ доданд, то матни ин дарс-суханрониҳоро дастраси хонандагон гардонанд. Ҳамчунин гузоришу табрикоти вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ва дигар мақоларо дар рӯйхати ин намоиш дучор омадан мумкин аст. Дар намоиш аз ҷумла мақолаҳои зерин гузошта шуд:
Исломова, М. Дарси сулҳу Ваҳдат [Матн]: Ба муносибати Рӯзи дониш / М. Исломова // Тирози ҷаҳон.–2017.–30-август.
Ваҳҳобова, М. 1-сентябр –Рӯзи фараҳ асту шодмонӣ [ Матн]/ М. Ваҳҳобова // Тирози ҷаҳон.–2017.–30-август.
Назирӣ, Л. Маориф – омили таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ [Матн]: Ба муносибати Рӯзи дониш /Л. Назирӣ // Маърифати омӯзгор.–2017.–№9.–с.4-10.
Раҳмон, Эмомалӣ. Пайванди ногусастании дониш ва сулҳ [Матн]: Суханронии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш / Эмомалӣ Раҳмон // Маърифати омӯзгор.–2014.–№ 9-10.–с.11–18.
Раҳмон, Эмомалӣ Сулҳдӯстиву донишомӯзӣ – дар меҳвари таълиму тарбия [Матн]: Суханронии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш / Эмомалӣ Раҳмон // Маърифати омӯзгор.–2017.–№9.–с.4-10.
Раҳмон, Эмомалӣ. Дарси сулҳ - оғози соли таҳсил [Матн]:Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил / Эмомалӣ Раҳмон// Маърифати омӯзгор.–2016.–№9.–с.4-12.
Раҳмон, Эмомалӣ. Сулҳ - неъмати бебаҳои зиндагӣ [Матн]: Нуктаҳо аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Дониш / Эмомалӣ Раҳмон //Маърифати омӯзгор.–2018.–№9.–с.4-6.
Саидов, Н. Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан [Матн]/ Н.Саидов // Маърифати омӯзгор.–2013.–№9-10.–с.10-12.
Саидов, Н. Зи дониш бувад зиндагиро фурӯғ [Матн]: Ба муносибати Рӯзи дониш / Н.Саидов. // Омӯзгор.–2015.–28-август.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ