ЁДЕ АЗ ОҲАНГСОЗИ МУМТОЗ/27.08.2019
Маҳфили «Меҳмонхонаи мусиқӣ», ки ба муносибати 90-солагии Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оҳангсози мумтоз Одилҷон Назаров тибқи нақша мебоист 23-юми август доир шавад, имрӯз дар толори Китобхона бо иштироку суханронии аҳли санъати вилоят баргузор гашт.
Иштирокчиёни маҳфил дар саҳни ошёнаи дуюм бо намоиши матбуотӣ ошно шуда, аз саҳифаҳои ҳаёти санъаткори номвар Одилҷон Назаров «Зиндагии ибратбахш» ном филми ҳуҷҷатиии сивупанҷдақиқагиро дар таҳияи кормандони Китобхона Умарова Машҳура, Қаландаров Абдуазиз ва Хокироев Овлоқул, ки шомили суҳбатҳои аҳли ҳунару санъат Саидамин Ҷило, Умар Алиев, Каромат Ҳоҷиева, Асрор Камолиддинов, Сайрам Исоева, Абдураҳмон Тошматов, Каримов Абдуҳамид, Ворис Раҳмонзода, Ахмедов Ҳакимҷон, Мирзорашидов Мирзоғанӣ, Нодирҷон Солиҷонов дар бораи зиндагӣ ва эҷоди Одилҷон Назаров мебошад, дар толор тамошо карданд.
Аз рӯйи барнома чорабинӣ таҳти зимомдории директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов бо суханронии сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ориф Набиев ҳусни идома ёфт.
Ҳамчунин бо гузоришу маърӯза ва суҳбатҳои ҷолиб намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд Нодирҷон Солиҷонов, рӯзноманигор, шоиру драматург Саидамин Ҷило, оҳангсозони маъруф Ворис Раҳмонзода ва Абдураҳмон Тошматов, сармутахассиси бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ҷӯразода Набӣ Абдулло паҳлӯҳои ҳаёти эҷодӣ ва шахсии Одилҷон Назаровро боз намуданд.
Дар чорабинӣ фарзанди нахустини Одилҷон Назаров – устоди факултети санъати МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Тоҳирҷон Назаров, ки ӯро суханронии гузоришгарон ба ёди рӯзгори ширини наврасиву ҷавонӣ ва хонаи падару модари азизаш бурду оҳангу суруди шавқангез ба ваҷду рақсаш овард, ба меҳмонон ва ташкилкунандагони маҳфил аз номи пайвандон миннатдорӣ баён намуд.
ФИШУРДАИ ЗИНДАГИНОМАИ ОДИЛҶОН НАЗАРОВ
Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ордени «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён» ва даҳҳо ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, ромишгари хушнавою бастакори ном дор, яке аз симоҳои барҷастаи мусиқии тоҷики асри ХХ ва оғози қарни ХIХ – Одилҷон Назаров 23-юми августи соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи косиб Назар Авезов дида ба олами ҳастӣ кушо дааст. Худи ҳамон сол аз меҳри падар маҳрум гардида, бо парастории модари мушфиқ Хайринисо Шукурова ба олами бачагӣ қадам мегузорад. Ягона орзуи модар ин буд, ки фарзандонаш илму дониш омӯхта, дар зиндагӣ хайрхоҳи мардум бошанд. Ӯ бо ин таманнои нек ба мушкилиҳои ҳаёт тоб оварда, онҳоро соҳибилм кард. Одилҷон, ки дар мактаби №7 таҳсил мекард, аз овони хурдӣ шефтаи савту навои марғуб буд ва ҳунари ромишгариро аз бародаронаш Содиқҷон Назаров ва Алиҷон Назаров омӯхта, истеъдоди нотакрори худро такмил медиҳад. Мусиқӣ ончунон ҳастии ӯро фаро гирифта буд, ки барои сайқал додани маҳорати мутрибӣ ба Омӯзишгоҳи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дохил шуда, аз устоди хушсалиқа Айрапетянс нозукиҳои ҳунари на возандагиро омӯхт. Ин ҷавони ҷӯёву пӯё дар як муддати кӯтоҳ чун навозандаи бомаҳорат маъруфият пайдо мекунад ва ҳунари воло баъди ду соли таҳсил ӯро ба Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба кор меоварад. Минбаъд ӯ ҳам меомӯхт ва ҳам ҳунармандӣ мекард. Ниҳоят, Одилҷон Назаров омӯзишгоҳро бо баҳои аъло хатм карда, ба кори театр гузашт. Маъмурияти театр истеъдоду ташаббусҳои доимии ӯро ба инобат гирифта, вазифаи роҳбари мусиқӣ ва дирижёри оркестрро ба уҳдаи Одилҷон Назаров вогузор намуд.
Маҳорати оҳангсозии устод Одилҷон Назаров асосан аз соли 1949 оғоз шудааст. Асари нахустофаридаи мавсуф бахшида ба 20-солагии Тоҷикистони Шӯравӣ соли 1949 бо ҳамкории шоирон Муҳиддин Фарҳат ва Аминҷон Шукӯҳӣ таҳти унвони «Марши идона» барои оркестри созҳои халқӣ буд. Ин асар дар шаби тантанавии ҷашн дар саҳнаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ садо дода, аз тарафи санъаткорони касбӣ ва тамошобинон хеле хуб пазируфта шуд.
Устоди cанъати тоҷик Одилҷон Назаров солҳои тӯлонӣ дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ роҳбарӣ намуда, барои ривоҷу равнақи театр саҳми назаррас гузоштааст. Ин ҳунарманди асил ба театр ҳофизони ҷавону умедбахш Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Ӯрунбек Ҳамдамов, Бобоҷон Шамсиев, Каромат Ҳоҷиева ва чандин дигаронро ба кор даъват намуда, ғамхору раҳнамои ҳамешагии онон буд. Ҳосили заҳматҳои устод Одилҷон Назаров буд, ки асарҳои тоза ба тозаи ӯ тавассути телевизиону радиои мамлакат, театрҳо ва толорҳои консертӣ пайваста садо медоданд. Ҳофизони маъруфи тоҷик Аҳмад Бобоқулов, Барно Исоқова, Тӯхта Иброҳимова, Ҷӯрабек Набиев, Ӯрунбек Ҳамдамов, Бобоҷон Шамсиев, Даврон Алиматов, Каромат Ҳоҷиева, Асадулло Атоуллоев, Мӯъминҷон Муллоев ва дигар сарояндагони касбӣ бо шавқ оҳангҳои эҷодкардаи устод Одилҷон Назаровро сурудаанд ва месароянд.
Асарҳои ӯ ба монанди «Сайри лола» ва «Фасли баҳор» ҳамчун яке аз оҳангҳои дӯстдоштаи халқ то имрӯз дар аксарияти консертҳо садо медиҳанд ва нишасту анҷуманҳои фарҳангӣ бо ҳамин асар оғоз меёбанд.
Устоди санъат Одилҷон Назаров ба якчанд намоишномаҳои театрӣ аз ҷумла, «Ғуломи сиёҳ»-и Т.Иконников, «Садоқат»-и Султон Сафаров, «Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ, «Хонаи умед», «Иродаи зан»-и Аъзам Сидқӣ, «Кӯчабоғи ошиқон»-и Аминҷон Шукӯҳӣ, «Шаҳло»-и Аминҷон Шукӯҳӣ ва Ҳилолиён Аскар ва дигарон оҳангҳои марғуб эҷод кардааст.
То лаҳзаҳои вопасин театр – хонаи умед, кошонаи мурод ва қасри бахти устодони ҳунар Одилҷон Назаров ва ҳамсари бовафои ӯ Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муътабар Иброҳимова гардид. Фарзандони хуштолеи ин хонаводаи фарҳангӣ имрӯз дар ҳар ҷода идомадиҳандаи шоистаи роҳи падару модар мебошанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ