Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

НАМОИШИ КИТОБҲОИ ОҲАНГСОЗ/23.08.2019

Ба муносибати 90-солагии оҳангсози шинохта Шарофиддин Сайфиддинов дар шуъбаи китобҳои санъат намоиши китобӣ ташкил карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки оҳангсози барҷастаи тоҷик, профессор, ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Сайфиддинов 24-уми августи соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, 24-уми декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.

Шарофиддин Сайфидиннов хатмкардаи Консерваторияи давлатии шаҳри Маскав (соли 1956) ва Консерваторияи давлатии Тошканд (соли 1962) мебошад.

Аз соли 1960 то 62 сарвари Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, аз соли 1962 то 1986 раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, котиби иттифоқи оҳангсозони ИҶШС, аз соли 1986 то 92 профессори ДДСТ Тоҷикистон, аз соли 1998 профессори факултети санъати ДДХ ба ном академик Бобоҷон Ғафуров буд. Вай муаллифи нахустин операи миллии тоҷик-«Пӯлод ва Гулрӯ» мебошад.

Операҳои «Рӯдакӣ», «Айнӣ»-и ӯ дар ривоҷу равнақи фарҳангу мусиқии муосири тоҷик саҳ.ми арзанда гузоштаанд. Оҳангсоз асарҳояшро дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ офаридааст, ки контатаи «Гул-гул шукуф, Тоҷикистон», достони симфонии «Қишлоқи тиллоӣ», достони овозисимфонии « Эҳтиёт бош, Сталинград!», «Роҳи мақбара», сюита барои оркестри калони симфонӣ – «Зумрад», мусиқӣ ба драмаҳою мазҳакаҳои «Ду ҳусну ду ишқ», « Сарнавишти ишқ», «Дили шоир», «Мӯъҷиза» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

 Ба қалами Шарофиддин Сайфиддинов 120 мақола оид ба масъалаҳои мусиқӣ ва эҷодиёти оҳангсозони тоҷик мансуб аст. Сайфиддинов соли 1970 иштироккунандаи озмун, фестивал ва симпозиумҳои байналхалқӣ буд. Соли 1988 соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва соли 2001 ба гирифтани Ҷоизаи дӯстии Афғонистону Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ сазовор гардидааст.

Сурудҳои оҳангсоз, монанди «Республикаи ман», «Намерафтӣ ту аз ёдам», «Шаҳри ман», «Духтараки кӯҳистон» дар садо ва симои тоҷик иҷро мегарданд. Меҳнати пурмаҳсул ва шоёни оҳангсоз дар ташшаккул ва ривоҷу  равнақи фарҳанги мусиқии муосири тоҷик бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони фахрӣ», «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва Ифтихорномаи Раёсати ШО ҶШС Тоҷикистон сазовор гардонида шудааст.

Китобдори шуъбаи санъат Дадоҷонова Шоира китобҳои бастакор ва сарчашмаҳои шинохти онро дар гӯшаи барои баҳрабардорӣ гирд овард, ки номи чанде аз онҳо дар зер оварда мешавад.

 АСАРҲОИ ШАРОФИДДИН САЙФИДДИНОВ

Сайфиддинов Ш., Рустамова Ҷ. Савти истиқлол [Нота–Матн]: маҷмӯаи сурудҳо / Ш. Сайфиддинов, Ҷ. Рустамов.–Душанбе: Ирфон, 2005.–84 с.

Сайфиддинов, Ш. Порчаҳо аз операи «Айнӣ» [Нота] / Ш. Сайфиддинов.– Душанбе: Ирфон, 1979.–155 с.

Сайфиддинов, Ш. Намерафтӣ ту аз ёдам [Нота–Матн] / Ш. Сайфиддинов.–Душанбе: 1961.–22 с.

Сайфиддинов, Ш. Салом бачаҳо! [Нота–Матн]: маҷмӯаи сурудҳо барои бачагони синни мактабӣ / Ш. Сайфиддинов.–Душанбе: Ирфон, 1968.–82 с.

Сайфиддинов, Ш. Дунёи миллат [Нота–Матн]: суруди мактабиёни ҷумҳурӣ / Ш. Сайфиддинов.– Хуҷанд: 2005.–7 с.

Сайфиддинов, Ш. Муҳаббат [Нота–Матн] / Ш. Сайфиддинов.–Душанбе: 1961.–7 с.

Сайфиддинов, Ш. Элегия [Нота] / Ш. Сайфиддинов.– Душанбе: 1963.–9 с.

Сайфиддинов, Ш. Республикаи ман [Нота–Матн] / Ш. Сайфиддинов.–Душанбе: Ирфон, 1984.–163 с.

 САРЧАШМАҲО ДАР БОРАИ САЙФИДДИН ШАРОФИДДИНОВ:

Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик  [Матн]: Иборат аз 3 ҷилд. Ҷилди 3. Равзана–Ҷӯраев / Сармуҳаррир А. Қурбонов.–Душанбе, 2004.–с. 87-88.

Композиторы Таджикистана [Текст] / Душанбе: Ирфон, 1966.–стр.44-48.

Советская музыкальная литература[Текст] / Москва: Музыка,1986.–стр. 204.

Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров [Матн]: Қомуси мухтасар.–Хуҷанд: Нури маърифат, 2012.–572 с.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ