ВОХӮРӢ БО УСТОДИ ВАРЗИШ/07.08.2019
Дар арафаи Рӯзи варзишгарон бо ташаббуси китобдорони китобхона-филиалҳои № 2, 3, 6 ва 9 санаи 7-уми август дар толори варзиши Мактаби захираҳои олимпии бачагонаи воқеъ дар микроноҳияи 13 шаҳри Хуҷанд суҳбате дар мавзӯи “Солимӣ аз варзиш” баргузор шуд.
Китобдори дараҷаи 1-и китобхона-филиали № 2 Қосимова Малика аҳли нишастро аз ҳаёт ва фаолияти устоди варзиш оид ба бокс Ҳусайнов Далер шинос намуд.
Ҳусайнов Далер, ки аз синни 12-солагӣ ба бокс машғул аст, хатмкардаи МТМУ№24 ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва факултаи тарбияи ҷисмонии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мебошад. Вай соли 2012 дар шаҳри Кӯлоб дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс ҷои аввал, дар шаҳри Новосибирск низ дар мусобиқаи байналмиллалӣ ҷои аввалро ишғол намуд. Соли 2013 дар шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон чемпионати Осиё баргузор гардид, ки дар он мусобиқа низ соҳиби ҷои дуюм гашта, ҳамчунин бо “Шаҳодатнома”- и устоди варзиш мукофотонида шуд. Даврони донишҷӯӣ солҳои 2015-2017 аз гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд буд. Айни замон дар толори варзишии Захираҳои олимпии бачагона ҳамчун мураббӣ кору фаъолият мебарад ва ба тарбияву таълими насли наврас машғул аст. Бачаҳо ин ҷавонро ҳамчун мураббии бомаҳорату меҳрубон ҳурмат карда, аз ӯ сабақҳои муштзанӣ меомӯзанд.
Дар суҳбат Далер Ҳусайнов хотирнишон кард, ки варзиш на фақат беҳтарин роҳи ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад, балки барои миллату давлат низ обрӯву шараф меорад. Вай дар идома гуфт: Падару модарон бояд ба қобилияти бачагони худ бовар кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи ҳаёти ҷисман ва рӯҳан рсолим тарбият карда, бо омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ ва мураббиёни варзиш барои рушди ҳаматарафаи онҳо мусоидат намоянд. Дар чунин ҳол мо метавонем варзишро дар байни ҷомеа оммавӣ созем ва бо ин васила пеши роҳи ба ҷинояту ифротгароӣ даст задани ҳамватанонамон ноил гардем.
Дар тақвияти суханҳои варзишгар китобдори дараҷаи 1-и китобхона-филиалҳои № 9 ва Шарипова Б. ва Ёқубова Г. андешаронӣ намуда, варзишгарони шаҳр, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзишро ба муносибати Рӯзи варзишгарон табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқболи баланд ва дастовардҳои бузургро таманно кард.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ