ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИВУ НОҲИЯВИИ ОЗМУН/07.08.2019
Даври шаҳриву ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” аз санаи 6-ум то 30-юми июл дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гашт. Бояд қайд кард, ки ин давр тибқи Низомномаи озмун даври дуюм ба ҳисоб меравад. Иштирокчиёни озмун дар ин давр низ мисли даври аввал барои Шоҳҷоиза ва ғолибият дар яке аз чаҳор номинатсия байни ҳам талош варзиданд. Шумори иштирокчиёни даври дуюми озмун дар ноҳияҳо ба тариқи зайл аст: Айнӣ – 31 нафар, Ашт – 100 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 176 нафар, Бӯстон – 48 нафар, Гулистон – 49 нафар, Деваштич – 40 нафар, Зафаробод – 28 нафар, Исфара – 95 нафар, Истаравшан – 100 нафар, Истиқлол – 21 нафар, Конибодом – 30 нафар, Кӯҳистони Мастчоҳ – 22 нафар, Мастчоҳ – 32 нафар, Панҷакент –87 нафар, Спитамен – 47 нафар, Ҷаббор Расулов – 62, Шаҳристон – 36 нафар, Хуҷанд – 55 нафар. Дар ҳар шаҳру ноҳия ҳайати ҳакамон зимни саволу ҷавоб ва санҷиши дараҷаи китобхонӣ як нафарро барандаи Шоҳҷоиза эълон карданд. Ҳамчунин барои ҳар номинатсия сенафарӣ (ҷойҳои 1, 2, 3), яъне 12 нафар иштирокчии соҳибимтиёзу ғолиб эълон шуд. Маҷмӯан 234 нафар иштирокчӣ ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ, ки моҳи ноябр баргузор хоҳад шуд, роҳ ёфт.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ