НАМОИШИ КИТОБҲО: ҲАР ШАНБЕ ДАР БОҒИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ/27.07.2019
Бо мақсади иҷрои амри Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 03.07.2019 №125 “Дар бораи баргузор намудани намоиш ва фурӯши китоб, маҳсули дастони ҳунармандон, ҳамчунин барномаи фарҳангӣ” китобдорону китобшиносони Китобхонаи вилоятӣ тасмим гирифтанд, ки аз санаи 6-уми июл то 2-юми ноябри соли равон ҳар ҳафта рӯзи шанбе шурӯъ аз 1700 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиши китобҳои навнашру тозаворидро ташкил намоянд.
То имрӯз гурӯҳи китобдорон бо роҳбарии Самадова Муаттара рӯзи 6.07.2019, бо сарварии Файзуллоева Зуҳро санаи 13.07.2019, бо сардории Ғаффорова Раъно таърихи 20.07.2019, бо роҳнамоии Ҳошимова Мунаввар рӯзи 27.07.2019 аҳолӣ ва меҳмонони шаҳри Хуҷандро бо осор ва корномаҳои Пешвои миллат, мероси адабии намояндагони адабиёти классикӣ, асарҳои адибони муосири тоҷик маҷмӯан қариб бо 100 нусха китоб шинос карданд. Масъулони намоиш мундариҷаи баъзе китобҳоро барои алоқамандони асарҳои бадеӣ бозгӯ намуда, ҳамзамон аз кадом шуъбаи Китобхонаи вилоятӣ дастрас кардани онҳоро фаҳмонданд.
Дар миёни асарҳо аз ҷумла “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад”, “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Забони миллат ҳастии миллат”-и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Тоҷики оламшумул”-и Носирҷон Салимов (Носир Салимӣ), “Пешвои миллат – меъмори ваҳдат” (аз силсилакитоби “Ваҳдат, Давлат, Президент”, ҷилди ХХV), аз мероси гаронбаҳои ниёкон девонҳои шеъри адибони классикӣ Носири Хусрав, Сайфи Исфарангӣ, Камоли Хуҷандӣ, Соиби Табрезӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Шайдои Хуҷандӣ, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, асарҳо ва маҷмӯаҳои ашъори намояндагони адабиёти муосири тоҷик Сотим Улуғзода, Муҳиддин Аминзода, Лоиқ Шералӣ, Аскар Ҳаким, Аъзам Сидқӣ, Усмон Олим, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Аюби Кенҷа Фарзона, Озарахш, Анвар Мирзоҳакими Олим мавриди шиносоӣ ва ошноӣ қарор гирифтанд.
Шанбеи оянда – 3-юми август мухлисону дӯстдорони китоб аз ин намоиш, ки дар Боғи фарҳанги фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз соати 1700 баробар бо намоиши ҳунарҳои дастӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад, баҳраманд шуда метавонанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ