ИНТИХОБИ ДОВТАЛАБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУН/28.06.2019
Хурду бузурги аҳолии шаҳри Хуҷанд, бештар хонандагону донишҷӯён ва нафақахӯрон баъд аз таблиғу ташвиқи ҳаматарафаи гурӯҳҳои тарғиботӣ ⎻ китобдорони Китобхонаи вилоятӣ барои ширкат дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” рағбати зиёд нишон дода, ному насаби худро бо роҳнамоии масъулон номнавис карда, феҳристи китобҳои мутолиакардаашонро омода намуданд. Таҳлили рӯйхати довталабон аз ҷиҳати теъдод ва феҳристи асарҳои мутолиакардаашон аз лиҳози мувофиқат ба номинатсияҳо, пурсишҳои инфиродӣ ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо собит кард, ки дараҷаи омодагии онҳо яксон нест. Аз ин рӯ, барои интихоби иштирокчиёни даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шурӯъ аз санаи 24-уми июн дар Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Хуҷанд даври интихобӣ баргузор шуд.
То имрӯз (28.06.2019) қариб 300 нафар китобхон шоистагии худро ҳамчун довталаб барои ширкат дар даври шаҳрии озмун дар ҳузури аъзои ҳайати ҳакамон зоҳир намуд. Ҳакамони даври интихобӣ иборат аз сармутахассиси шуъбаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд Ҷӯразода Набӣ Абдулло, устодони МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дотсент Шарипов Восид, сармуаллима Тсой Елена, дотсент Ӯлмасова Замирахон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Гулнор Усмонова, ⎻ саркитобшиноси Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ ⎻ Асимова Муанбар, сардори шуъбаи китобхонаи мазкур Расулова Матлуба, сардори Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Хуҷанд Қосимова Маликахон, омӯзгорон аз МТМУ№7, 8, 10 шаҳри Хуҷанд Саидисломова Масъуда, Сайдуллоева Азизахон, Бойматова Маҳиноро ҳангоми пурсишу суҳбат ва санҷиши омодагии китобхонон баробари маслиҳат ба онҳо тавсия доданд, ки барои иштирок дар даври шаҳрии озмун бояд бо тайёрии ҷиддитар ҳозир шаванд.
Манзараи рӯзи аввали оғозёбии тантанавии даври интихобӣ, ки дар он мудири бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Қосимов, мутахассиси пешбари бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд Туҳфа Атохӯҷаева, сардори шуъбаи иттилоот ва таҳлили МИҲД шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод ва намояндагони ВАО-ши шаҳру вилоят, устодону донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои миёнаву олии шаҳри Хуҷанд, китобдорону китобшиносон ширкат доштанд, аз доманаи густарда пайдо кардани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии шаҳри Хуҷанд дарак медод.
Имрӯз (28.06.2019) низ даври интихобӣ хеле ботартибу низом ва одоби хоси муносибату суҳбат, пурсишу санҷиш ва маслиҳату машваратдиҳии аъзои ҳакамон доир гашт.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ