Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

КИТОБҲОИ ТОЗАНАШР АЗ “МЕЪРОҶ”/03.2019

Матбааи СИ Файзибоева М.М. – Меъроҷ“ аз шумори он муассисаҳои табъу нашр мебошад, ки ҳар семоҳа ё як нимсола нусхаҳои ҳатмии китобҳои тозанашрро ба Китобхонаи вилоятӣ дастрас менамояд. Санаи 29-уми май 12 номгӯ нусхаҳои ҳатмии китобҳои тозанашр ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди китобҳо ворид гардид. Илова бар ин китобҳои воридшуда қаблан санаи 28-уми январи соли ҷорӣ 14 номгӯ нусхаҳои ҳатмии китобҳои тозанашри матбааи мазкур ба китобхона ворид гардида, имрӯз дар дастраси хонандагон қарор доранд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ