Тоҷикон, ки иксири ҳастии худро дар забон дида буданд, дар ҳар замону ҳар шароит онро дар мағзи ҷон ҳифз карда буданд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.57

СОБИҚ РАИСИ ШАҲРИ ХУҶАНД − КАЛОНСОЛТАРИН ДОВТАЛАБИ ОЗМУН/27.05.2019

Шоиру нависандаи амрикоӣ Кристофер Морли гуфтааст: “Китобфурӯшӣ фурӯхтани як мушт коғазу ранг ва ширеш нест, балки  савдои ҳаёти тоза ба хонанда аст”. Агар китобфурӯшӣ назди аҳли фаросат лоиқи чунин тамсил бошад, пас хизматрасонии ройгон дар китобхонаҳоро, ки тайи он садҳо китоб дастраси алоқамандон мешавад, чи гуна бояд тамсил зад? Китобдорон назар ба китобфурӯшон дар бахшидани ҳаёти тоза ба хонанда бештар ҳаққу ҳуқуқ доранд, ки ҷомеаи имрӯз ба қадри хизмати онҳо ва ғамхории ҳукумат бояд бирасад.

Китобдорони мо, ки эҳдокунандагони дастагули илму адаб ба хонандагонанд, дар самти тарғиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” бо дастури директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром шурӯъ аз 14-уми феврал бо таъсисдиҳии ҳафт гурӯҳи тарғиботӣ нахуст дар Китобхонаи вилоятӣ ва китобхона-филиалҳо ва минбаъд дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, донишкадаву донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳу коллеҷҳо, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ва бонкҳо, кумитаи маҳаллаҳои шаҳр корҳои ташвиқотӣ бурда, аҳолии зиёдеро барои ширкат дар озмун ҷалб карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ва суҳбатҳо китобдорон бо афроде низ дучор омаданд, ки, новобаста аз синну сол, бо китобдӯстиву маърифатпарварӣ барои дигарон намунаи ибратанд. Яке аз чунин афроди бофарҳанг собиқ Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Ленинобод (1985-1988), Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Қурбонов Юсуф Ҳоҷибоевич мебошад.

Китобдорон Нурматова Умеда ва Ҷабборова Мавзуна зимни тарғибу ташвиқ бо ин пири равшанзамир, ки 78 сол дорад, вохӯрда, ҳамсуҳбат шуданд. Онҳо ҳамсуҳбаташонро бо мақсад, шартҳо, номинатсияҳо ва ҷоизаҳои озмун шинос кардан баробар китобдӯсту китобхон ва довталаб буданаш маълум гашт. Аз он ки он рӯз китобдорон фурсати зиёд барои суҳбати муфассал надоштанд, бо даъвати ҳамсуҳбаташон ин корро ба пагоҳ вогузоштанд.

Китобдорон тибқи ваъда пагоҳ занг зада, ба хонаи собиқ раиси шаҳри Хуҷанд рафта, ӯро дар миёни анбӯҳи китобҳо ёфта, суҳбату гарми самимӣ оростанд. Аз суҳбат маълум шуд, ки ӯ баробари мутолиаи асарҳои нависандагону шоирони классику муосири тоҷик, бештар шефтаи китобҳои бадеии нависандагони аврупоӣ аст. Китобдорон чанде аз китобҳои мутолиакардаашро номнавис карда, дар бораи пешинаи кору фаъолият, машғулияти вай имрӯз пурсон шуданд. Ӯ фавран як маълумотномаро ба ихтиёри онҳо гузошта, ба нақл даромад ва аз муҳимтарин корҳояш ёдовар шуд.

Пас аз як рӯз худи довталаб бо наберааш ба китобхона омада, толору роҳравҳоро пур аз иштирокчиёни машварати китобдорони вилоят дида, ба ёдаш омад, ки дар бунёди ин муассиса роҳбари истеҳсолоти сохтмонӣ буд ва ин нақлро вақте наберааш шунид, аз бобои муҳандиси бунёдкор ва китобхонадораш ба ифтихор омад. Ӯ барои пурсише дар бораи озмун омада буд. Дар суҳбат бо китобдорони дигар фаҳмид, ки бояд тамоми китобҳои хондаашро рӯйхат карда, пеш аз оғози озмун ба ҳайати тадорукот бирасонад. Вай розӣ шуд ва китобдорон ҳам тасмим гирифтанд, ки агар довталаб дар ин кор ба ёрии онҳо ниёз дошта бошад, ба ӯ кӯмак мерасонанд.

 ҲОЛНОМАИ ДОВТАЛАБ

ҚУРБОНОВ ЮСУФ ҲОҶИБОЕВИЧ

(аз рӯйи маълумотнома)

Қурбонов Юсуф Ҳоҷибоевич 20-уми декабри 1941 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон (соли 1963) бо ихтисоси муҳандиси сохтмон. Баъди хатми донишкада аз соли 1963  ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда, муддате дар мактаби махсуси ҳарбӣ таҳсил карда, ба ҳайси ронандаи танки Т-54 хизмат намуда, онро декабри соли 1965 ба поён бурдааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун устои трести Союзпроммонтаж оғоз карда, дертар мудири шуъбаи ташкилии комитети комсомолии шаҳри Ленинобод ва аз декабри соли 1966 то соли 1969 сардори истеҳсолоти сохтмонӣ ва сардори минтақаи насбу нақли гази Идораи таъмиру сохтмони шаҳр шуда меҳнат намуд.

Дар таҳти роҳбарии ӯ ба ҳамаи нуқтаҳои гармидиҳандаи шаҳр ва хонаҳои баландошёна хатти гази табиӣ гузаронида шуд. Хонаҳои 2800 нафар истиқоматкунандаи шаҳри Ленинобод, шаҳракҳои Консой, Адрасмон ва ноҳияи Хуҷанд бо таҷҳизоти гази пропан таъмин гашт.

Аз соли 1969 то соли 1972 вақте вай муовини мудири шуъба ва сониян мудири шуъбаи саноат ва нақлиёти Кумитаи ҳизбии шаҳри Ленинобод  шуда кор мекард, сохтмони заводи зарфҳои сирдор, депо (муассисаи ҳамлу нақл ва таъмир) ва хатти троллейбус, муҷассамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, автобазаи №31, фабрикаи либосдӯзӣ (ҳоло сехи “Зиннат”) муҳимтарин бунёдкориҳо дар ҳудуди шаҳр ба зуҳур омаданд.

Тӯли қариб ҳафт сол (1972-1978) дар вазифаи муовини сардори Трести сохтмони Ленинобод фаъолият бурд ва саҳми худро дар сохтмону бунёди объектҳои бонуфузи шаҳру вилоят аз қабили, комбинати консервабарорӣ, заводи гидрометаллургӣ (ГМЗ), комбинати масолеҳи сохтмон дар шаҳри Исфара, заводи равғанбарорӣ, заводи шир ва нон дар шаҳри Конибодом, марҳилаи дуюми сохтмони комбинати гӯшт ва яхдон дар ноҳияи Хуҷанд, ва комбинати қолинбарории шаҳри Қайроққум, қасри маданияти “Абрешимчӣ”, заводи “Торгмаш” ва  газоаппарат дар шаҳри Ленинобод, фабрикаи трикотажбарории шаҳри Ӯротеппа, заводи тамокуи шаҳри Панҷакент гузошт.

Кордонӣ ва маҳорати хуби ташкилотчигии ӯ вақти роҳбари Трести калонпанели шаҳри Ленинобод буданаш аён гардид. Аввал котиби озоди ташкилоти ҳизби коммунистии ин Трест ва аз соли 1981 то 1985 сардори Трест шуда кор кард. Дар ин солҳо сохтмонҳои асосии шаҳрро ҳамин трест ба уҳда мегирифт. Сохтмончиён дар ин муддат 303418 метри мураббаъ ё 110 бинои баландошёна сохта ва истифода додаанд, ки аз нақшаи пешбинишуда 12938 метри мураббаъ зиёд буд. Ҳамчунин бо 13728 ҷои нишаст мактаб, 2600 ҷои нишаст кӯдакистон, беморхонаи вилоятӣ бо 750 кат, бинои Ҳукумати вилоят, бинои филиали Донишкадаи политехникӣ, бинои мағозаи "Кооператор", маркази нафақа ва дигар объектҳои муҳими хоҷагии халқ таҳти роҳбарии ин муҳандиси шинохтаву ботаҷриба сохта ба истифода дода шуд.  

Солҳои 1985-1988 ин муҳандиси шаҳрсоз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Ленинободро ба уҳда дошт. Дар ин солҳо бо вуҷуди офатҳои табиӣ (борони сели 2-юми майи 1985 ва заминларзаи 13-уми октябри 1985) ҳамаи хоҷагиҳои халқи шаҳр устуворона пеш мерафт, оқибатҳои заминларза бомуваффаққият бартараф карда шуд. Шаҳри Ленинобод соҳиби ордени “Дӯстии халқҳо” гашт ва 2500-солагии ташкилёбии он соли 1986  ботантана таҷлил гардид ва ба ин муносибат моҳи ноябри ҳамон соли пули дуюми дарёи Сир ба истифода дода шуд.

Моҳи апрели 1988 вай боз ба кори сохтмон баргашт ва ба вазифаи муовини сардори Трести махсуси механиконидашуда то моҳи марти соли 1997 пурмаҳсул кор кард. Аз моҳи марти соли 1997 то моҳи декабри соли 1999 ҳамчун нозири шуъбаи Бонки миллиии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои азнавсозии бинои он ҳиссаи сазоворе гузошт.

Аз соли 2000 то 2009 дар ширкати бисёрсоҳавии илмию техникии “Нур” ба ҳайси идоракунанда кор карда, дар сохтмони бинои “Ориёнбонк”-и шаҳри Хучанд, бинои маркази солимгардонии “Нур”, мактаб-гимназияи “Нур” ва Терминали №1-и фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд саҳм гузошт.

Китобдӯстии довталаби озмун дар ҳамин солҳо ба таври барҷаста аён гардид. Бо ташаббуси ӯ дар офиси марказии ширкати “Нур” китобхонаи ҳозиразамон сохта, ба истифода дода шуд. Вай ёдовар мешавад, ки дар ҷобаҷогузории соҳавии китобҳо дар ин китобхонаи навтаъсис китобдорони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ низ ёрии амалӣ расонданд.

Ин пири маърифат чандин маротиба вакили Шӯрои шаҳриву вилоятӣ ва солҳои 1985-1990 вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон даъвати 11 интихоб шуда, ҳамчун муовини раиси Комиссияи доимии Шӯрои Олӣ оид ба сохтмон ва масъалаҳои коммуналӣ ба халқ давлат хизмат кард.

 Ҳоло нафақахӯри шахсии аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад ва дар ҳалқаи оилаю фарзандон, наберагону абера давлати пирӣ меронад. Вақтҳои холӣ мутолиаи китоб шуғли дӯстдоштаи ӯст.

Маъмурияти

Китобхонаи вилоятӣ