ҲАФТ КИТОБИ ТОЗАНАШР АЗ “НУРИ МАЪРИФАТ”/20.05.2019
Чи тавре дар навиди “75 нусхаи ҳатмии китобу маҷаллаҳои тозанашр аз “Нури маърифат”/17.05.2019” иттилоъ додем, аз нашриёт ва матбааи “Нури маърифат”-и МДМИ “Номаи донишгоҳ”-и МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” асарҳои муаллифӣ ва китобҳои аз тарафи устодону алоқамандони соҳаҳои гуногун таҳияшудаи дар нимаи дуюми соли 2018 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ мунташиршуда ба китобхона ворид шуд. Барои ошно кардани истифодабарандагон бо намунаи китобҳои тозаворид ҳафт китоби тозанашр интихоб карда шуд, ки дар поён фишурдаи муҳтавои онҳо оварда мешавад.
1.Дастури методӣ барои омӯзгорони фанни ботаника (синфи 5). Дастурро устоди фанн Алимова X. дар ҳаҷми 84 саҳифа таълиф намудааст.
Аннотатсия: “Дастури методии мазкур муносибати салоҳиятнокӣ ба таълими ботаникаро дар бар мегирад. Дар он салоҳиятҳои хонандагон, мақсади таълим, васоити таълим, санҷиши дониши хонандагон бо тестҳо, ҷадвалҳо, аёниятҳо, масъалагузорӣ, проблемагузорӣ, кори дунафара, кори гурӯҳӣ, баёни мавзӯъ бо усули фаъоли таълим, арзёбӣ, намунаи саволу супоришҳо, ки барои ташаккули салоҳиятҳои хонандагон мусоидат менамояд, оварда шудааст ва дар фаъолияти амалии омӯзгорони фанни ботаника истифода бурдан мумкин аст. Ҳамаи маводҳои дастур барои донишҷӯён-омӯзгорони оянда, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавсия карда мешавад”.
2.Кулолгарӣ (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ). Ин китоби дарсӣ ба қалами Азизов А.А., Азизов Ш.Ю. тааллуқ дошта, дар ҳаҷми 84 саҳифа аз нашр баромадааст.
Аннотатсия: Китоби мазкур баҳри омӯзиш ва тарғиби санъати аҷдодии миллӣ - кулолгарӣ муфид буда, дар он оид ба таърих ва инкишофи кулолгарӣ, таҷҳизот, асбобҳо ва маводҳо, намудҳои дастгоҳҳои кулолгарӣ, риояи техникаи бехатарӣ, марҳилаҳои омода намудани маҳсулоти кулолӣ, технологияи кулолгарӣ, кулолгарони машҳури кишвар ва саҳми онҳо дар рушди ин намуди санъати миллӣ ва дигар равандҳои муҳимияти санъати кулолгарӣ маълумот дарҷ ёфтааст. Ин китобро омӯзгорон ва роҳбарони маҳфилҳои ҳунармандии муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёну устодони риштаҳои санъат, ҳунармандон, худомӯзон ва ҳаводорони санъати аҷдодии миллӣ ҳамчун китоби рӯимизӣ метавонад васеъ истифода намоянд.
3.Масолеҳшиносии электротехникӣ. Китоби таълимиро устоди соҳа, номзади илмҳои химия Маҳмудов М. дар ҳаҷми 256 саҳифа таълиф кардааст. Доктори илмҳои физика ва математика, профессор Абдуманнонов Абдуалӣ, номзадҳои илмҳои техникӣ, дотсентон Исмоилов Саидҷон Туронович ва Раҳимов Охунбобо Саифиддинович ҳамчун муҳаррир дар таҳрири матни китоб саҳм гузоштаанд.
Аннотатсия: Китоби дарсӣ маълумотҳои асосии роҷеъ ба масолеҳҳои электротехникиро, ки дар соҳаҳои гуногуни мошинсозӣ, электромеханика ва радиотехникаи муосир истифода бурда мешавад, дарбар мегирад. Хосиятҳои асосии масолеҳҳои ноқилӣ, диэлектрикӣ, нимноқилӣ, магнитӣ, дорои хосиятҳои махсуси аз гарми васеъшавӣ ва чандирӣ буда, мавриди омӯзиш, муҳокима ва муқоиса қарор дода шудаанд. Дарснома барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, ки аз рӯи ихтисосҳои гуногуни алоқаманд ба соҳаҳои “Электротехника”, “Радиотехника”, “Асосҳои автоматикунонӣ”, “Дастгоҳҳои электронӣ” ва кормандони муҳандисию техникии ин соҳаҳа тавсия дода мешавад.
4. Методикаи таълими география (Қисми 1. Курси лексионӣ). Китобро устодони соҳаи таълими география С.А.Охунова, З.М.Муинова, А.Ҳ.Хоҷаева дар ҳаҷми 232 саҳифа таълиф кардаанд.
Аннотатсия: Китоби дарсӣ паҳлӯҳои муҳими истифодаи қонуниятҳои умумӣ ва масъалаҳои ҷудогонаи мтодикаи таълими географияро фаро гирифтааст. Дар он таърихи ташаккулёбии методикаи таълими география, роҳҳои истифодабарии методҳо ва аёниятҳои таълимӣ дар раванди дарс, дарс ва тарзҳои гузаронидани он, салоҳиятнокӣ дар таълим, истифодаи усули фаъоли таълим, ташкили кабинет ва майдончаи географӣ, методикаи ташкил ва гузаронидани корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ аз география нишон дода шудааст. Ин китоб дар асоси таҷрибаи олимон-методистони давраи шӯравӣ, давраи Истиқлолият мураттаб гардида, ҳамчун дастури таълимӣ барои устодон ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимиву литсейҳо ва умуман доираи васеи худомӯзон, ки донишу малакаи худро дар азхудкунии методикаи таълими география ва экология ташаккул доданианд, истифода мебаранд.
5.Фавоиди гиёҳхорӣ. Асари нависандаи машҳури эронӣ Содиқ Ҳидоят аст, ки матни онро бо пешгуфтор, тавзеҳот ва луғатнома Мирзошӯҳрат Усмонзода дар ҳаҷми 108 саҳифа баргардон кардааст.
Аннотатсия: Дар китоб фоидаҳои гиёҳхорӣ аз дидгоҳи мухталифи илмӣ, ахлоқӣ, таърихӣ, иқтисодӣ ва адабӣ баррасӣ гардидааст. Китоб натиҷаи тачрибаи зиндагии нависандаи маъруфи Эрон, яке аз поягузорони насри муосири форсӣ Содиқи Ҳидоят мебошад.
6. Кандакорӣ. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки А.А. Азизов, Ш.Ю. Азизов, Н.С. Уралова дар таълифи он саҳм гузоштаанд. Ин китоб аз 160 саҳифа иборат аст.
Аннотатсия: Кандакории рӯйи чӯб ҳамчун ҳунари миллӣ бо мурури замон аз як насл ба насл мерос монда, дар байни ҳунарҳо мавқеи муҳимро ишғол кардааст, Ин ҳунар нишонаи фахри миллӣ, манбаи гаронбаҳои хазинаи эҷодиёти амалии халқ маҳсуб меёбад. Дар китоби ҳозир оид ба таърихи инкишоф, асбобҳои истифодашаванда дар раванди фаъолият, намудҳои гиреҳ, технологияи кандакорӣ ва дигар мавзӯъҳо ба тарзи назариявӣ ва амалӣ пешниҳод шудааст. Китоб барои омӯзгорон, донишчӯёни ихтисосҳои соҳавии донишгоҳҳои омӯзгорӣ, коллеҷҳои касбу ҳунар ва роҳбарони маҳфилҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шудааст.
7. Сулолаи Бувайҳиён (асрҳои X-XI). Асари таърихии донишманди эронӣ Ҳасан Иброҳими Наққош аст, ки дар ҳаҷми 100 саҳифа бори дуюм зери назари доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло нашр шудааст.
Аннотатсия: Дар китоб зимни баёни вазъияти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии хилофати Аббосӣ воқеаҳои муҳими таърихи аҳди Бувайҳиён аз аввалин намояндаи ин силсила Муиззудавла то охирин шоҳони ин дуда тадқиқу таҳлил шудааст. Муаллиф инкишофи афкори маънавии аҳди хилофати Аббосиёнро низ ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Китоб барои муаллимон, донишҷӯён ва умуман ҳаводорони таърих пешниҳод мешавад.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ