ҶАРАЁНИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...” ДАР ДОНИШГОҲҲО/16-17.05.2019
Китобдорони узви гурӯҳи тарғиботӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ сардори шуъбаи толори хониш Қурбонова Муҳайё, сардори шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёт Ғаффорова Раъно ва сардори шуъбаи хизматрасонӣ Бойпочоева Ҳабиба санаи 16-ум дар бобати тарғибу ташвиқи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» бо директори китобхонаи МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Дилбар Самадова ва мудири шуъбаи хизматрасонӣ Атохӯҷаева Шоиста суҳбат ороста, маълум карданд, ки озмун дар байни 17 факултети донишгоҳ ҷараён дорад ва баъди ба итмомрасӣ ғолибони он барои ширкат дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
Ҳамон рӯз китобдорон инчунин ба МДТ “Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” рафта, бо ҳамкасбони худ вохӯрда, ба онҳо дар бораи озмун ва низомномаву шартҳову маблағи ҷоизаҳои он суҳбат гузаронда, барои таблиғ ва ташкилу баргузории он маслиҳатҳо доданд. Баъди суҳбату фаҳмондадиҳиҳо санаи 17-уми май китобдори донишкадаи мазкур Муллоева Зуҳро ба Китобхонаи вилоятӣ омад. Ҳамкасбон ӯро бо гӯшаҳои озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шинос намуда, маводи электронии гӯшаҳоро, ки иборат аз Амру Низомномаи озмун ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба он буд, ба ихтиёри ӯ гузоштанд.
Бо ин мақсад боз санаи 17-уми май сардори шуъбаи китобҳои хориҷӣ Амонова Муҳаббат, сардори шуъбаи электронӣ Турсунова Муҳайё ба китобхонаи факултети моделерӣ-дизайнерӣ донишкадаи мазкур ҳузур бурда, бо декан Ваҳобов Амиртемур ва китобдори донишкада Муродова Мунира суҳбат гузаронда, нусхаи низмномаю шартҳои озмунро ба онҳо дастрас карданд, то ин ки озмун дар ин факултети донишкада ба таври намунавӣ таблиғу ташвиқ ва ташкилу баргузор гардад.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ