Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

75 НУСХАИ ҲАТМИИ КИТОБУ МАҶАЛЛАҲОИ ТОЗАНАШР АЗ “НУРИ МАЪРИФАТ”/17.05.2019

75 НУСХАИ ҲАТМИИ КИТОБУ МАҶАЛЛАҲОИ ТОЗАНАШР АЗ “НУРИ МАЪРИФАТ”/17.05.2019

Санаи 16-уми май аз нашриёт ва матбааи “Нури маърифат”-и МДМИ “Номаи донишгоҳ”-и МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” 75 нусхаи ҳатмии китобҳои дар нимаи дуюми соли 2018 ва семоҳаи аввали соли 2019  чопшуда ворид шуд. Китобҳои мазкур аз тарафи олимону муҳаққиқони донишгоҳи мазкур таълифу таҳия шуда, соҳаҳои филология, таърих, химия, физика, методикаи таълим, дӯзандагиву кулолгарӣ ва кандакориро фаро мегиранд. Нусхаҳои ҳатмӣ пас аз коркард дар рӯзҳои наздик дастраси истифодабарандагон хоҳанд шуд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ