АЗ ТАРҒИБИ ОЗМУНИ КИТОБХОНӢ ДАР МАҲАЛЛАҲО/16.05.2019
Нимаи аввали рӯз гурӯҳи тарғиботӣ бо сарварии китобдори соҳибтаҷриба Раҷабова Мавзуна ҷиҳати тарғиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” ба маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд баромаданд. Онҳо бо масъулини кумитаи маҳаллаҳои “Ҷаббор Расулов” – Каримов Бурҳон, “Сари баландӣ” – Ҷӯраев Сангинбой, “Содирхон Ҳофиз” – Ӯрунова Замирахон, “Хуҷанд” – Исмоилов Ҳотамҷон суҳбат ороста, муҳтавои Амри Президенти кишварро дар бораи озмун, шартҳову ҷоизаҳои он фаҳмониданд. Аз рафти суҳбатҳо равшан шуд, ки дар баъзе маҳаллаҳо дар бораи Амри мазкур маълумоти дақиқ дар даст надоранд. Аз ин рӯ, китобдорон, ки бо худ нусхаи Амри Президенти кишвар ва қарори вилояти Суғдро дар ин бора доштанд, ба масъулин нишон дода, бо мундариҷаи он ошно гардониданд. Масъулини кумитаҳо низ тасмим гирифтанд, ки ҳар чи бештар дар ин самт корҳои таблиғу ташвиқро беҳтар намоянд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ