ТАШВИҚИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…» ДАР МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ ХУҶАНД/15.05.2019
Гурӯҳи тарғиботии Китобхонаи вилоятӣ иборат аз китобдорон Ҷӯраева Умеда, Ҳайдарова Замира, Норматова Саёҳат, Зоидова Замира барои тарғиби Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.02.2019 №АП-1165 оид ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва дар ин замина Қарори Раиси вилояти Суғд аз 10.05.2019 №225 дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд вазифадор шудаанд. Онҳо ба кумитаи маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд ҳузур бурда, ҳамчун мутахассиси соҳа масъулони кумитаро бо муҳтавои Амри мазкур ошно карда, бо ҳам дар тамос буданро омили муҳими тарғибу ташвиқи самаранок донистанд. Ҳамчунин онҳо бо омӯзгорон ва муҳассилини Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ва Литсейи ДДҲБСТ дар ин бора суҳбат доир карда, онҳоро барои ширкат дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ҷалб намуданд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ