Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ДОВТАЛАБИ ОЗМУН–ДИЛБАСТАИ АДАБИЁТИ ҶАҲОН

ДОВТАЛАБИ ОЗМУН–ДИЛБАСТАИ АДАБИЁТИ ҶАҲОН/13.05.2019Бо маслиҳатдиди маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ дар самти татбиқи Амри Президенти кишвар оид ба озмуни ҷумҳуриявии китобхонии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”  дар вурудгоҳи Китобхона нуқтаи бақайдгирии довталабони озмуни мазкур ташкил гардид. Вақте китобдорони масъул ҳуҷҷатҳои озмунро рӯйи мизи бақайдгирӣ мечиданд, истифодарабандаи шуъбаи электронии Китобхона, сокини маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд нафақахӯр Ҳусаинов Набӣ Раҳмонович (соли таваллудаш 1956) онҳоро саргарми кор дида, ба суҳбат пайваст. Дар рафти суҳбат маълум шуд, ки ӯ бештар ба мутолиаи асарҳои адибони ҷаҳон майл дошта, аз як нависанда аз панҷ то даҳ китобро ба забони русӣ мутолиа кардааст. Ин дилбастаи адабиёти ҷаҳон ҳангоми суҳбат, бо он ки телефонаш занг хӯрду ба ҷое бояд сари вақт ҳозир мешуд, тибқи маслиҳати китобдорон бо ҳуҷҷатҳои марбут ба озмун ошно шуда, аз чор номинатсия иборат будани он ва дар номинатсияи чорум –адабиёти ҷаҳон ба қайд гирифта шуданашро фаҳмид. Инчунин ба довталаб фаҳмонда шуд, ки пеш аз оғози даври шаҳрии озмун масъулон ба ӯ занг зада, санаи пешниҳод кардани рӯйхати адабиёти мутолиашудааш ва оғозшавии озмунро эълон мекунанд.

Ҳамчун довталаб бақайдгирифташавӣ ва дар оянда иштироки чунин афроди солманду ботаҷриба дар озмуни ҷумҳуриявӣ майлу рағбат ба китобу китобхониро дар дили кӯдакону наврасон ва ҷавононамон бедор хоҳад кард.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ