Тоҷикон дар садаҳои VII-XI тамаддуни бузургеро офаридаанд, ки бо номи Renessansi Tojik шуҳрат ёфтааст. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 42

БАҚАЙДГИРИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ/06.05.2019

БАҚАЙДГИРИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ/06.05.2019Нимаи дуюми рӯз сардорони шуъбаҳои хизматрасонию ғайрихизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ ва мудирони китобхона-филиалҳои тобеи он бо ширкати директори Китобхона Мирсаидов Баҳром, муовинони директор оид ба корҳои хизматрасонӣ ва илмӣ-методӣ Ҳакимова Мунира ва Ҳамробоева Мавзуна натиҷаҳои таблиғи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» аз 9 феврали соли 2019, № АП – 1165  дар байни хонандагони китобхонаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз суҳбату гузориши сардорони шуъбаҳо ва мудирони китобхона-филиалҳо маълум гардид, ки аз тарафи китобдорон теъдоди зиёди хонандагони синну солашон гуногуни шаҳри Хуҷанд ҳамчун довталаби даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Иштирокчиёни ҷаласа омори гирдомадаро қаноатбахш эътироф карда бошанд ҳам, тасмим гирифтанд, ки кори таблиғу ташвиқро дар ин самт боз ҳам пурзӯртар гардонда, берун аз китобхона бо масъулони муассисаҳову корхонаҳои гуногунсоҳаи ҳудуди шаҳри Хуҷанд ҳамкории самарабахшро ба роҳ монда, баробари бақайдгирии довталабони нав ба тафсиру ташреҳи Амри мазкур пардохта, моҳияти ташкил ва баргузории озмунро фаҳмонанд. Бо ин мақсад ташкили гурӯҳҳои таблиғотии алоҳида низ ба нақша гирифта шуд.

Китобдорон бори дуюм аст, ки ҷаласаи вижаеро барои ҳалли масъалаи ёдшуда баргузор менамоянд ва корҳои худашонро дар ин самт ҳамчун масъули ташкилу баргузории озмун  ва татбиқи Амри мазкур ҷиддан натиҷагирӣ мекунанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ