Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

ШАНБЕГИИ КИТОБДОРОН ДАР КИТОБХОНА/4.05.2019

Шаҳри Хуҷанд аз шаҳрҳои тозатарини на танҳо Тоҷикистон, балки минтақаи Осиёи Миёна ба шумор рафта, сокинони он ба назофату покизагии муҳити зист ва ҷойи кор аз қадим диққати махсус медиҳанд. Субҳи барвақт саҳни ҳавливу назди хона ва корхонаву муассисаҳоро об зада, мерӯбанд. Дар таъмини тозагии роҳҳову кӯчаҳои шаҳр саҳми бонувони фаррошу рӯбандаву гулкору гулпарвар, ки бори назофату покӣ ва зебоипарастиро берун аз хона низ ҳамчун модари меҳрубон бо шонаҳои нозук мебардоранд, беандоза зиёд аст. Ҳузури меҳмонони шаҳр ва сайёҳонро ба инобат гирифта, барои кӯмаку ёрӣ расондан ба масъулони тозагии шаҳр рӯзи шанбе китобдорон низ дар остонаи иди Ғалаба гирду атроф, саҳну боғи бинои Китобхонаи вилоятиро аз гиёҳҳои бегона тоза карда, дар тозагии муҳити корӣ ва гӯшае яке аз хиёбони калонтарини шаҳри Хуҷанд –Исмоили Сомонӣ саҳми худро гузоштанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ

ШАНБЕГИИ КИТОБДОРОН ДАР КИТОБХОНА/4.05.2019

ШАНБЕГИИ КИТОБДОРОН ДАР КИТОБХОНА/4.05.2019