КОНФРОНСИ ИЛМӢ ДАР КИТОБХОНА/17.04.2019
Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар саҳнаи ошёнаи дуюм намоиши кушоди китобӣ ташкил карда шуд, ки иштирокчиёну гузоришгарони конфронси илмӣ нахуст бо маводи он ошно шуда, сипас ба ошёнаи сеюм – шуъбаи толори хониш баромада, бо тамошои намоиши филми “Пояҳои илми тоҷик” конфронсро ҳусни оғоз бахшиданд. Сардори шуъбаи толори хониш Қурбонова Муҳайё мақсади конфронс ва гузоришгарони он – Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, профессор Шералиев Саидалӣ, магистранти соли дуюми таҳсили кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Самадов Рамазонӣ, китобдори дараҷаи 1 шуъбаи хизматрасонӣ Норматова Зӯҳроро барои иштирокчиён – донишҷӯёну хонандагони доимии китобхона муаррифӣ намуд.
Маърӯзаҳои илмии “Санъати шаҳрсозӣ дар шароити кунунии Тоҷикистон”, “Таърихи замони гузаштаи феълии забонҳои тоҷикӣ ва яғнобӣ”, “Дастовардҳои илми тоҷик дар даврони Истиқлолият” шунавонида шуд. Дар идома бо истифода аз слайд сардори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир Файзуллоева Зуҳро муҳтавои китобҳои илмии соҳаи филологияи махзани шуъбаро бозгӯ кард.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ